Феврал 08, 2023 19:45 Asia/Dushanbe
  • Теъдоди қурбониёни зилзила дар Туркия наздик ба 7 ҳазор нафар шуд

Бар асоси ҷадидтарин оморҳо маҷмӯи қурбониёни зилзила дар Туркия, ки маргбортарин зилзила дар беш аз як даҳаи ахир аст, ба марзи 7 ҳазор нафар расид .

Бар асоси гузоришҳо ин заминларза дар кишварҳои Туркия, Сурия, Лубнон, Фаластин, Ироқ, Урдун, Миср, Арабистони саъӯдӣ ва бахшҳое аз Украинаву Аврупо аз ҷумла Юнон, Булғористон ва ғайра ба сабт расид.
Мурот Кором, вазири муҳити зист ва тағироти обу ҳавоии Туркия эълом кард ин кишвар то кунун 684 пасларзаро баъд аз ду заминларзаи 7.8 ва 7.7 Рихтер, ки устонҳои ҷанубии Туркияро ларзонд, таҷриба кардааст.

 

Барчасп