Талоши шабонарӯзии груҳҳои имдодии Эрон дар Туркия
Амалиёти имдоду наҷоти тимҳои ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон дар манотиқи зилзилазадаи ҷануби Туркия бидуни вақфа идома дорад .
Заминларзаи шадиди бомдоди душанбе шашуми феврал минтақаи Қаҳрамонморош дар ҷануби Туркия ва шимоли Сурияро ларзонд .
Дар ҷараёни ин заминларзаи 7.8 риштерӣ хисоратҳои зиёдӣ ба сохтмонҳо ворид шуду тимҳои наҷоту ҷустуҷӯ дар ҳоли оворбардорӣ ва наҷоти касоне ҳастанд, ки дар зери оворҳо гирифтор шудаанд .
Заминларзаи шадиди ҳафтаи гузашта дар Туркияву Сурия то кунун ҷони беш аз 30 ҳазор нафарро дар ин ду кишвар гирифтаву шумори зиёде маҷрӯҳ ҳам бар ҷой гузоштааст.
Ин ҳодисаи маргбор вокунишҳои густардаеро ба ҳамроҳ доштаву раҳбарони кишварҳои мухталиф бо миллатҳои Сурияву Туркия ибрози ҳамдардӣ кардаанд ва дар ин росто кумакҳое низ ба ду кишвар шудааст .Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон бо вуқуъи зилзилаи маҳиб дар ҷануби Туркия, Эрон ба унвони кишвари ҳамсоя дар ҳоли кумакрасонӣ ба зилзилазадагон аст .
Ба гуфтаи Исмоили Искандарӣ-раиси тимҳои имдодии ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон дар манотиқи зилзилазадаи ҷануби Туркия бо тавваҷуҳ ба тахриби 80 дарсадии бархе манотиқи зилзилазада аз ҷумла шаҳри Одиёмон, амалиёти гуруҳҳои имдоду наҷоти Эрон муваффақиятомез будааст.
Искандарӣ тасреҳ кард бо поён ёфтани амалиёти ҷустуҷу ва наҷот, гуруҳҳои имдодии ҷамъияти Ҳилоли аҳмари Эрон амалиёти искон дар манотиқи зилзилазада ҷануби Туркия шуруъ мешавад.
Тимҳои имдоду наҷоти Ҷамъияти ҳилоли аҳмари Ҷумҳурии исломии Эрон бо зарфияти ҳудуди 120 нафар бо таҷҳизоти комил ба манотиқи зилзилазадаи Туркия эъзом шуданд .
Ҳамчунин урдӯгоҳи рифоҳии Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ дар шаҳри зилзилазадаи Одиёмони Туркия барпо шудааст .
Неруи заминии артиши Ҷумҳурии исломии Эрон ҳам бемористони саҳроие бо зарфияти 50 тахт ва имконоти комил дар ин минтақа эҷод кардааст .
Бештар бихонед :