ҲАМОС: Тахриби хонаи фаластиниён нишонаи нотавонии комили режими ишғолгар аст
Сухангӯи Ҷумбиши муқовимати исломии Фаластин (ҲАМОС) гуфт, тахриби хонаҳои муборизон нишондиҳандаи нотавонии комили ин режим дар мутаваққиф кардани муқовимат аст.
Бо рӯйи кор омадани кобинаи тундрави режими саҳюнистӣ, тахриби манозили фаластиниён ва тавсеаи шаҳраксозӣ дар сояи сукути ҷомеаи байналмилалӣ ба шиддат тавсеа ёфтааст.
Ба гузориши хабаргузории “Шаҳоб”, Абдуллатиф Алқонуъ, сухангӯи ҲАМОС рӯзи ҷумъа дар баёнияе эълом кард, иқдоми нерӯҳои ишғолгари саҳюнист дар тахриби хонаҳои муборизони фаластинӣ ва ҷадидтарин мавриди он хонаи шаҳид Муҳаммадкамол Алҷаъбари, ҷинояти ваҳшиёнаву нишонаи варшикастагии ин режим ва сарони давлати фашисти он ва ҳамчунин нишонаи нотавонии комили ин режим дар мутаваққиф кардани инқилоби мардуми Фаластин дар майдони набард аст.
Сухангӯи ҲАМОС таъкид кард, идомаи сиёсати тахриби хонаҳои муборизон тавассути ишғолгарони саҳюнистӣ ва пофишории кобинаи ифротии шаҳракнишинон бар иҷрои ин сиёсати ваҳшиёнаву нажодпарастӣ ва ташдиди ҷиноят, мардуми Фаластинро нахоҳад тарсонд възму иродаи онҳоро тазъиф нахоҳад кард.
Алқонуъ аз даъватҳои мардумӣ барои мухолифат бо сиёсати тахриби хонаҳои фаластиниён ва муқобила бо он бо ҳамаи имконот қадрдонӣ кард.
Сухангӯи ҲАМОС ҳамчунин аз ҳамаи фарзандони Фаластин дар саросари Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва Қудс хост, дар посух ба “Нидои Қудс” ва Масҷидулақсо ва барои гирифтани интиқоми хуни шуҳадо, вафодорӣ ба ҷонфишониҳои онҳо ва муқобила бо ишғолгарону муште шаҳракнишин, муқовимату амалиёти қаҳрамононаи худро ташдид кунанд.