Феврал 20, 2023 21:10 Asia/Dushanbe
  • Имзои ёдошти тафоҳумнома миёни Арабистон ва Ироқ пас аз 40 сол
    Имзои ёдошти тафоҳумнома миёни Арабистон ва Ироқ пас аз 40 сол

Вазири кишвари Ироқ аз имзои як ёдошти тафоҳумномаи амнияти миёни ин кишвар ва Арабистони Саъудӣ пас аз 40 сол хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз шабакаи Сумери нюз Абдуламир Шамри, вазири кишвари Ироқ эълом кард бо Абдулазиз бин Саъуд ҳамоти арабистонии худ як ёдошти тафоҳуми амниятиро имзо кард.

Бар асоси ин гузори ин тавофуқ аввалин ёдошти тафоҳум дар навъи худ миёни ду кишвар аз соли 1983 то кунун аст.

Бар асоси эъломи Вазорати кишвари Ироқ ин тафоҳумнома шомили ҳамаи ишколи ҳамкории амниятӣ, табодули дидгоҳҳо ва фаъолсозии кори амниятии муштарак ба гунае аст, ки амнияти бештариро барои Ироқ ва Арабистон тазмин кунад.

Илова бар Шамри ва Абдулазиз бин Саъуд чанд мақоми ду кишвар низ дар ҷараёни имзои ин ёдошт тафоҳумномаи ҳамкории амнияти миёни Бағдод ва Риёз ҳузур доштанд.

Барчасп