Феврал 21, 2023 16:16 Asia/Dushanbe
  • Идомаи ҳамалоти эътилофи саъудӣ ба  Яман

Эътилофи саъудӣ дар шабонарӯзи гузашта устони Алҳудайда ( ғарби Яман )-ро ҳадафи ҳамалоти ҳавоӣ, мушакӣ ва тӯпхона қарор дод ва 62 бор оташбаси иддаоӣ дар ин устонро вайрон кард .

Оташбаси мавриди тавофуқ дар Шветсия миёни ҳайати эъзомӣ аз Санъо ва ҳайати Риёз аз 18 декабри 2018 дар ғарби Яман оғоз шуд, аммо эътилофи саъӯдӣ ҳар рӯз онро нақз мекунад .
Ба гузориши рӯзи сешанбеи шабакаи Алмасира,илова бар ҳамалоти ёдшуда паҳподи шиносоӣ ва мусаллаҳи эътилофи саъӯдӣ дар як навбат манотиқе дар шаҳристони Ҳисро ҳадаф қарор дод .
Пештар Ҷалол Алруишон-муовини дифоӣ ва амниятии нахуствазири Яман гуфта буд, вазъият на сулҳ ва на ҷанг, як таҳдид аст ва такяи ин кишвар бар иттиҳоди миллат ва масъӯлон аст .
Ҳамчунин Меҳдии Алмишот, раиси Шӯрои олии сиёсии Яман гуфта буд оташбаси Яман бо нақзи мукаррари он тавассути эътилофи саъудӣ тақрибан аз байн рафтааст .
Арабистон бо ҳимояти Амрикоморот ва чанд кишвари дигар аз марти 2015 иқдом ба таҷовузи низомӣ ба Яман ва муҳосираи заминӣ, дарёӣ ва ҳавоии ин кишвар кардааст Ҷангафрӯзии Арабистону муттаҳидонаш дар Яман то кунун ба куштаву захмӣ шудан садҳо ҳазор яманӣ ва оворагии чаҳор миллион нафар мунҷар шудааст .

Бештар бихонед :

 

Барчасп