Март 03, 2023 18:36 Asia/Dushanbe
  • Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин
    Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин

Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар вокуниш ба шаҳодати навҷавони фаластинӣ ба дасти низомиёни режими саҳюнистӣ таъкид кард, хуни ин шуҳадо пирӯзии ҳатмӣ бар режими ишғолгари Қудсро наздиктар мекунад.

Ба гузориши пойгоҳи хабарии “Алъаҳд”, дар баёнияи рӯзи ҷумъаи Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин омадааст, идомаи ин ҷанги ҷинояткорона зидди мардуми ин сарзамин, амнияти кабинаи фашистии душманро дар Фаластин таъмин нахоҳад кард.

Ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин дар ин баёния гуфт, хунҳои рехташуда аз фарзандони бегуноҳи Фаластин боис хоҳад шуд, ки азми муҷоҳидони ин сарзамин дар тақвияту ваъдаи пирӯзии қатъӣ ва ҳатмиро наздиктар кунад.

Бар асоси ин гузориш, дар пайи даргирӣ миёни низомиёни саҳюнист ва ҷавонони фаластинӣ дастикам 3 нафар ба зарби гулӯлаи низомиёни саҳюнист захмӣ шуданд.

 

Барчасп