Март 15, 2023 18:09 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Афзоиши тамоюл ба муҳоҷират аз Исроил натиҷаи муҳими буҳрони дохили
    Таҳлил: Афзоиши тамоюл ба муҳоҷират аз Исроил натиҷаи муҳими буҳрони дохили

Натоиҷи як назарсанҷие, ки радиои Кони режими саҳюнистӣ мунташир кард нишон медиҳад, ки ҳудуди яксевуми яҳудиён дар ҳоли баррасии гузинаи муҳоҷират аз Фаластини ишғолӣ ҳастанд ё ба фарзандони худ тавсия карданд, ки ин корро анҷом диҳан ё гомоҳӣ дар ин хусус бардоштанд.

Сарзаминҳои ишғоли дар ду моҳи ахир шоҳиди буҳрони бесобиқа аст аз амоне, ки кобинаи ҷадиди Бинямин Натаняҳу руи кор омад даҳҳо ҳазор нафар аз мардум дар ин сарзаминҳои ишғоли ба таври пай дар пай зидди кобинаи ҷадиди Исроил тазоҳурот баргузор мекунанд.

Баргузории мудовими тазоҳурот ба ноамнии густардаи дар сарзаминҳои ишғолӣ мунҷар шуда аст то кунун борҳо мақомоти режими саҳюнистӣ аз ҷумла Исҳоқ Ҳерзог, раиси режими саҳюнистӣ дар бораи хатари бурузи ҷанги дохилӣ дар сарзаминҳои ишғоли ҳушдор доданд.

Ин вазъият паёмадҳои зиёди дар сарзаминҳои ишғолӣ хоҳад дошт яке аз муҳимтарин паёмадҳо афзоиши тамоюл ба муҳоҷират аз Исроил аст, масъалаи муҳоҷират яке аз масоиле аст, ки барои мавҷудияти Исроил аҳамиёби бисёри дорад муҳоҷирати яҳудиён аз кишварҳои мухталиф ба сарзаминҳои ишғоли бо ваъдаҳои мутаъадид ва мутанавеъи анҷом гирифт.

Яке аз муҳимтарин паёмадҳои муҳоҷират ба сарзаминҳои ишғоли шаклгирии таркибии ҷамъияти номутаҷонис ва мутазод аст, ки дар замонҳои буҳрони мавзуъи ҳувияти миллӣ онҳо ба чолиш кашида мешавад ва инсиҷоми миллӣ дар сарзаминҳои ишғли аз байн меравад ин мавзуъ ба хусус дар шароити буҳрони таъсироти худро нишон медиҳад.

Илова бар ин ноамниҳое, ки дар асари даргириҳои дохили моҳҳои ахир дар сарзаминҳои ишғоли шакл гирифт норизоятии густардаи мардумро дар пай дошта аст яҳудиён аз кишварҳои мухталиф бо ин замонат ба сарзаминҳои ишғоли муҳоҷират карданд, ки зиндагӣ ва рифоҳи бештар дошта бошанд ин ноамниҳ дар тазоди ошкор бо ваъдаи зиндагӣ ва рифоҳи бештар аст ва дар ҳоли ҳозир амнияти онҳо низ ба хатар афтода аст.

Дар канори ин мавзуъ иқдомоти фаластиниҳо дар мувоҷеҳа бо ҷиноятҳои режими саҳюнистӣ низ дар тасмими мардум барои муҳоҷират аз Исроил таъсиргузор буд.

Ин амалиёт ҳатто ба Тел-Авив  низ расида аст дар ҳар кадом аз ин амалиёт теъдоди кушта ва захми мешаванд мардум дар сарзаминҳои ишғоли ба ин ҷамъбанди расиданд, ки кобинаи ифротии Бинямин Натаняҳу заминаи даргирии бештар бо фаластиниҳоро фароҳам кард ва ҳатто мумкин аст заминаи ҷанги навро фароҳам кунад, ки амалакн амнияти мардумро низ таҳти таъсир қарор хоҳад дод.

Дар чунин шароите муҳоҷирати маъкус аз сарзаминҳои ишғоли раванди афзоиши пайдо акарда аст ва ҳатто хонаводаҳо фарзандони худро ба тарки сарзаминҳои ишғоли ташвиқ мекунанд бар асоси назарсанҷии шабакаи Кон тамюли саҳюнистҳо барои муҳоҷират аз Фаластини ишғоли ба далели вазъияти нигаронкунанда дар Исроил ва ин ки исроилиҳо тағироти ҷамъияти ва эдиалогиро мушоҳида мекунанд, ки онҳоро метарсонад.

Нуктаи поёни ва дорои аҳамияти ин аст, ки афзоиши шудани муҳоҷирати маъкус ба як буҳрони амниятии муҳим барои режими саҳюнистӣ табдил хоҳад шуд зеро мавҷудияти онро бо хатар ру ба ру мекунад.  

Барчасп