Март 18, 2023 12:11 Asia/Dushanbe
  • Поёни зӯдҳангоми сафари Натанёҳу ба Олмон

Буҳрони дохилӣ дар манотиқи ишғолии Фаластин боис шуд то Бинёмин Натанёҳу- нахуствазири режими саҳюнистии сафари худ ба Олмонро ниматамом раҳо кунад ва ба Тел-Авив бозгардад.

Ба тозагӣ дар минтақаи Маҷду дар шимоли сарзаминҳои ишғолӣ инфиҷоре рух дод, ки аз сӯии манобеи амниятии режими саҳюнистӣ ҳодисаи хатарноки амниятӣ тавсиф шуд ; ин ҳодиса боис шуд то   Бинёмин Натанёҳу - нахуствазири режими саҳюнистӣ сафараш ба Олмонро ба таъвиқ баёндозад ва пас аз он низ сафари худ ба Берлинро ниматамом раҳо карда ва ба сарзаминҳои ишғолӣ бозгардад .
Ба гузориши Маркази итилоърасонии Фаластин, радиои артиши режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа дар ин бора эълом кард ; Сафари Натанёҳу ба Берлин ба иллати инфиҷори ахир дар Маҷду ниматамом монд ва бисёре аз барномаҳои ӯро нотамом гузошт .
Манотиқи мухталифи Фаластини ишғолӣ дар моҳҳои ахир шоҳиди оташсӯзиҳои гуногуне дар полоишгоҳҳо, марокизи низомӣ ва петрошимӣ ва поёнаҳои автобусронии режими саҳюнистӣ ва ҳамалоти кебернитекӣ ба зерсохтҳои ин режим будааст.
Ҳамчунин дар ҳафтаҳои гузашта даҳҳо шаҳр аз шимол то ҷануби Фаластини ишғолӣ саҳнаи тазоҳурот алайҳи кабинаи рости ифротии Натанёҳу буданд .
 
Бештар бихонед :

 

Барчасп