Муҳокимаи зани фаронсавӣ ба иттиҳоми тавҳин ба Макрон
(last modified 2023-03-30T12:08:50+00:00 )
Март 30, 2023 17:08 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи зани фаронсавӣ ба иттиҳоми тавҳин ба Макрон

Як зани фаронсавӣ ба иттиҳоми тавҳин ба раисиҷумҳури Фаронса муҳокима мешавад.

Рӯзномаи фаронсавии "La Voix Du Nord"гузориш дод, Волирӣ, муътаризи вобаста ба гуруҳи ҷилиқазардҳои Фаронса ба далели интиқод аз Эммануэ Макрон, раисиҷумҳури ин кишвар дар 24 март дастгир ва ба боздоштгоҳ мунтақил шуду ба зуддӣ муҳокима хоҳад шуд.

Бар асоси ин гузориш, Волирӣ ба навиштани паёми "Макрон як зубола аст" рӯи деворе дар шаҳри Saint - Omer, шимоли Фаронса интишори паёмҳои мушобеҳе дар шабакаҳои иҷтимоӣ муттаҳам шудааст.

Муҳокимаи ин зан дар Фаронса дар ҳоле анҷом мешавад, ки Порис дар мавориди мухталиф бо дахолат дар умури кишварҳо муддаии ҳомии ҳуқуқи зан шудааст.

Арзёбии Шӯрои олӣ баробарии занону мардони Фаронса, ки дар авоили соли 2023 интишор ёфт, нишон медиҳад, мизони занситезӣ, табъизу хушунат алайҳи занон дар Фаронса ба шиддат ва дар сатҳи ҳушдордиҳандае афзоиш ёфтааст.

 

Барчасп