Боло рафтани парчами Русия дар Бахмути Украина
(last modified Mon, 03 Apr 2023 06:07:05 GMT )
Апрел 03, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Боло рафтани парчами Русия дар Бахмути Украина
    Боло рафтани парчами Русия дар Бахмути Украина

Евгений Викторович Пригожин раиси ширкати низомии "Вагнери" Русия аз кантрол бар Бахмут дар шарқи Украина хабар дод.

Ба гузориши Ирно, Пригожин, якшанбе дар паёми савти гуфт: Аз лиҳози ҳуқуқи. Бахмут тасаруф шуда ва парчами Русия бар фарози сохтумони идории ин шаҳр барафрошта шудааст.

Шаҳри Бахмут дар шарқи Украина воқеъ шудааст ва дар моҳҳои ахир, ҷанги шаддиде миёни нерӯҳои русӣ ва Украина барои кантроли ин шаҳр ҷараён доштааст.

Владимир Зеленский, раисиҷумҳӯри Украина дар ҳафтаҳои ахир борҳо дар мавриди авоқиби вахими суқути Бахмут ҳушдор дода буд.

Ба ҳамин далел, ситоди муштараки артиши Украина душанбе бо радди тасаруфи Бахумт тавассути Русия гуфт: Низомиёни Украина ҳанӯз кантроли Бахмутро дар даст доранд ва бисёре аз ҳамалоти душманро дафъ кардаанд.

Зеленский гуфтааст оянда Укриана ба натиҷаи набард дар конунҳои аслии ҷанг дар шарқи Украина аз ҷумла Бахмут бастагӣ дорад.

Зеленский ҳушдор дода буд, увзоъ дар шарқи Украина бисёр сахт ва дарднок аст.

Пригожин раиси ширкати низомии Вегнер чанде пеш бо баёни ин, ки нерӯҳои рус ба маркази Бахмут наздик шудаанд хостори дарёфти таслиҳоти бештар барои тасаруфи комили ин шаҳр шуда буд.

Бештар бихонед: