Апрел 05, 2023 19:01 Asia/Dushanbe
  • Макрон дар Чин
    Макрон дар Чин

Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса имрӯз (чаҳоршанбе) дар як сафари серӯза, вориди Пекин, пойтахти Чин шуд.

Ба гузориш “Франс пресс”, Урсула Фон Дер Ляйен, раиси Комиссияи Аврупо низ дар ин сафар Макронро ҳамроҳӣ мекунад.

Раиси ҷумҳурии Фаронса қарор аст бо Ши Ҷинпинг, ҳамтои чинии худ дидору гуфтугӯ кунад.

Бар асоси ин гузориш, интизор меравад, ки баҳс дар мавриди ҷанги Украина дар дастури кор қарор гирад.