Муттаҳам шудани хабарнигори Уолл-Стрит журнал ба ҷосусӣ
Ба гузориши ҷумъашаби хабаргузории ИРНА, ФСБ ба таври расмӣ Иван Грешкевич, хабарнигори дастгиршудаи Уолл-Стрит журналро ба ҷосусӣ дар Русия муттаҳам кард .
Дар системаи ҳуқуқии Русия тарҳи иттиҳомоту посухи муттаҳам нишондиҳандаи шурӯи расмии як таҳқиқоти ҷиноӣ аст,ки оғози як раванди қазоии тӯлонӣ аст .
Бар асоси ин гузориш таҳқиқоти FSB,Грешкевичро ба
ҷосусӣ дар ростои манофеи кишвари худ муттаҳам кард, аммо ин хабарнигор қотеъона тамоми иттиҳомотро рад ва эълом кард ки дар Русия ба фаъолиятҳои рӯзноманигорӣ мепардохт .
Иван Грешкевич-шаҳрванди Амрико ва хабарнигори рӯзномаи "Уолл-Стрит журнал " панҷшанбе 30 март дар шаҳри Екатеринбург ва дар ҳоле ки мекушид ба иттилооти маҳрамона даст ёбад, боздошт шуд .
Грешкевич ба дастури Вашингтон иттилооти маҳрамонаеро дар мавриди фаъолиятҳои яке аз ширкатҳои муҷтамаъи низомӣ - саноъатии Русия ҷамъоварӣ мекард .
Мақомҳои Русия эълом карданд агар Грешкевич муҷрим шинохта шавад то 20 сол дар додгоҳи кайфарии Русия маҳкум хоҳад шуд .
Бештар бихонед :