Декабр 19, 2016 17:22 Asia/Dushanbe
  • Кӯмаки Ғарб ба Толибон, ДИИШ ва Алқоида дар Афғонистон

Намояндаи Маҷлиси Афғонистон таъкид кард, ғарбиҳо ҳамзамон бо давлати Ашраф Ғанӣ ба Толибон ва гурӯҳҳои террористӣ аз ҷумла ДИИШ ва Алқоида ҳам кӯмак мекунанд.

Ба гузориши ИРНА, Факурии Биҳиштӣ имрӯз (душанбе) дар нишасти алании Маҷлиси Афғонистон бо баёни ин ки Ғарб аз ҷумла Амрико омили аслии ноамнии ин кишвар аст, гуфт, ғарбиҳо бояд аз кӯмак ба террористҳо худдорӣ ва танҳо аз давлати ин кишвар ҳимоят кунанд.

Ин узви Маҷлиси Афғонистон аз раиси Дастгоҳи қонунгузории ин кишвар хост, ки муқаддамоти бознигарӣ дар Паймони амниятии Амрико бо Афғонистонро фароҳам овард, зеро Вашингтон собит кардааст, ки ба ҳеҷ як аз қавонини байналмилалӣ пойбанд нест.

Вай таъкид кард, ҳузури низомёни хориҷӣ ба фармондеҳии Амрико дар Афғонистон ба зиёни манофеи миллӣ ва ҳокимияти ин кишвар аст.

Пеш аз ин низ Убайдуллоҳ Боракзай, намояндаи Урузгон, Усмонии Фароҳӣ, намояндаи Фароҳ ва Мулло Тарахайл, намояндаи Кобул дар Маҷлиси Афғонистон, хостори бознигарӣ ва ҳатто лағви ин паймон шуда буданд.

Чанде пеш, Зоҳир Қадир -муовини Маҷлиси намояндагони Афғонистон гуфта буд, ки дар устони Нангарҳор болгардҳои ношинос дар манотиқи таҳти контроли ДИИШ фуруд омада, таҷҳизоти низомӣ ва ғизо ба ин гурӯҳ расондаанд.

 

Барчасп