Декабр 19, 2016 18:24 Asia/Dushanbe
  • Кушта шудани 57 хабарнигор дар соли 2016

Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” аз кушта шудани 57 хабарнигор дар соли 2016, дар манотиқи мухталифи ҷаҳон хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Созмони “Гузоришгарони бидуни марз” эълом кард, 19 нафар аз ин хабарнигорон дар Сурия ҷони худро аз даст додаанд.

Соли гузашта низ 67 хабарнигор дар ҷангҳо ва даргириҳои ҷаҳонӣ ҷони худро аз даст дода буданд.

Пеш аз ин низ ниҳоди омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид (ЮНЕСКО) эълом карда буд, дар як даҳаи гузашта 827 рӯзноманигор ҳангоми иҷрои вазифа, ҷони худро аз даст додаанд.

 

Барчасп