Апрел 09, 2023 16:47 Asia/Dushanbe
  • ФАО: Нархи ҷаҳонии ғизо коҳиш ёфт

Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар гузорише аз коҳиши қимати ҷаҳонии маводи ғизоӣ барои давоздаҳумин моҳи мутаволӣ дар моҳи март хабар дод.

Ба гузориши ИРНА, Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) дар гузорише эълом кард, шохиси кулли нархи маводи ғизоӣ дар моҳи март ба 2.1 дарсад коҳиш ёфт ва дар яксоли гузашта нисбат ба афзоиши нархи ғизоҳо пас аз оғози ҷанг дар Украин ба 20.5 дарсад коҳиш расидааст.

Бар асоси ин гузориши ФАО, нархи ғаллоту ҳубӯбот бузургтарин муаллифаи шохиси нархи ғизо дар ҷаҳон дар моҳи март нисбат ба моҳи феврал 5.6 дарсад ва дар 12 моҳи гузашта 18.6 дарсад коҳиш доштааст.

 

Барчасп