Чаҳор кӯшта дар пайи резиши тарма дар риштакӯҳҳои Алпс
(last modified Mon, 10 Apr 2023 06:40:06 GMT )
Апрел 10, 2023 11:40 Asia/Dushanbe
  • Чаҳор кӯшта дар пайи резиши тарма дар риштакӯҳҳои Алпс
    Чаҳор кӯшта дар пайи резиши тарма дар риштакӯҳҳои Алпс

Вазири кишвари Фаронса эълом кард, ки бар асари резиши тарма дар ҷанубу ғарбии Монтбланс дар риштакӯҳҳои Алпси Фаронса, чаҳор нафар кӯшта ва 9 нафар захмӣ шуданд.

Ба гузориши Ирно, резиши тарма дар авосити рӯзи якшанбе дар яхчоли табиӣ  (Armancette) рӯх дод.

Эммануэл Коканд суханӯи мақомоти маҳаллӣ дар ин бора хабар дод, ки афроди гирфтор дар тарма дар ҳоли иске бозӣ кардан дар кӯҳҳо буданд ва ҳанӯз ҳувияти қурбониён таъид нашудааст.

Вай афзӯд: Резиши тарма густарда буда ва масоҳате ба тӯли як метр дар 500 метр дар иртифоъи 3500 метрро дар бар гирифта ва сабаби он дар ҳоли баррасӣ аст.