Феврал 17, 2023 18:38 Asia/Dushanbe
  • Изҳори ҳамдардии раисони ҷумҳурии чанд кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон
    Изҳори ҳамдардии раисони ҷумҳурии чанд кишвар ба Эмомалӣ Раҳмон

Дар пайи ҳодисаи резиши баҳман (тарма) дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон, ки мунҷар ба куштаву захмӣ шудани теъдоде аз мардум шуд, руасои ҷумҳурии Русия, Қирғизистон ва Узбакистон барои ҳамтои тоҷики худ паёми таслият ирсол карданд.

Дар паёми Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия омадааст: Маротиби ҳамдардии инҷонибро ба муносибати вуқуи ҳодисаи табиӣ ва резиши баҳман дар Бадахшон бипазиред.

Путин ҳамчунин ба наздикону бастагони қурбониёни ин ҳодиса ибрози таслият карда, барои захмишудагон шифои оҷилу комил хостааст.

Дар паёми таслияти раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов гуфта шудааст: Хабари куштаву захмӣ шудани теъдоде аз сокинони вилояти Бадахшон дар пайи резиши баҳман муҷиби андуҳи амиқи инҷониб ва мардуми Қирғизистон шуд. Хоҳишманд аст, маротиби ҳамдардии инҷониб ва мардуми Қирғизистонро ба хешовандони қурбониёни ин ҳодиса баён кунед.

Шавкат Мирзиёев, раиси ҷумҳурии Узбакистон низ зимни тамоси телефонӣ бо раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон, маротиби ҳамдардии худро дар робита ба куштаву захмӣ шудани теъдоде аз сокинони вилояти мухтори Бадахшон бар асари резиши баҳман иброз дошт.

Дар иттилоияи бахши матбуотии раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Раҳмон ва Мирзиёев ҳамчунин дар мавриди мавзуоти муҳими минтақаӣ ва масоили тағйири иқлиму роҳҳои ҷилавгирӣ аз паёмадҳои манфии он барои муҳити зист табодули назар карданд.

Ҳамчунин Александ Лукашенко, раиси ҷумҳурии Белорус низ вуқуи ин ҳодисаи табиӣ дар Бадахшонро ба раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон таслият гуфт.

Дар пайи резиши баҳман дар вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон 17 нафар кушта ва беш аз 10 нафар захмӣ шуданд.

 

Барчасп