Филм / ҳузури пуршӯри мардуми Малайзия дар роҳпаймои рӯзи ҷаҳонии Қудс
Мухолифони ҷиноёти Исроилу ҳомиёни миллати мазлӯми Фаластин дар Малайзия ، ҳамзамон бо рӯзи ҷаҳонии Қудс, дар пойтахти ин кишвар роҳпаймоӣ карданд .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, мардуми Малайзия имрӯз дар шаҳри Куала-Лампур-пойтахти ин кишвар дар ҳимоят аз ормонҳои Фаластин ва эъломи инзиҷор аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниҳо роҳпаймоӣ карданд .
Иқдомоти ҷинояткоронаи ахири исроилиҳо аз ҷумла ҳамалоти мукаррари саҳюнистҳо ба Қудс, Масҷидулақсо ва ҳамчунин Ғазза ва каронаи бохтарии руди Урдун дар моҳи Рамазони имсол вокуниши кишварҳои ҷаҳон ба вижа кишварҳои мусулмонро ба дунбол доштааст .
Султон Абдуллоҳ бин султон Аҳмад-шоҳи Малайзия ҳамалоти ахири неруҳои режими Исроил ба намозгузорон дар Масҷидулақсоро бисёр бераҳмона ва ғайриинсонӣ донист ва онро маҳкӯм кард .
Нахуствазири Малайзия низ аз Шӯрои амнияти Созмони Миллал хост режими саҳюнистиро дар қиболи ҷиноёти золимонааш алайҳи мусулмонони бедифои Фаластин посухгӯ кунад .
Бештар бихонед :