Полиси Олмон: Ҳодисаи Берлин террористӣ аст
(last modified Tue, 20 Dec 2016 12:30:24 GMT )
Декабр 20, 2016 17:30 Asia/Dushanbe
  • Полиси Олмон: Ҳодисаи Берлин террористӣ аст

Полиси Олмон кушта шудани шаҳрвандон дар асари бархурд бо як дастгоҳ мошини боркаш дар шаҳр Берлин, пойтахти ин кишварро ҳамлае террористӣ хонд.

Ба иттилои Ню-Йорк Таймс, полиси шаҳри Берлин, пойтахти Олмон рӯзи сешанбе эълом кард, вуруди як дастгоҳ мошини боркаш ба бозоре дар ин шаҳр ва зер гирифтани шаҳрвандон, ки ба кушта шудани дастикам 12 ва захмӣ шудани 48 нафар мунҷар шуд, иқдоме террористӣ ба назар мерасад.

Полиси Берлин ҳамчунин аз боздошти фарде, ки эҳтимолан ронандаи ин мошини боркаш аст, хабар дод.  

Рӯзномаи Билди Олмон ба нақл аз манобеи огоҳ, омили ин ҳамларо Навид Б., ҷавони 23 солаи покистонӣ муаррифӣ карда, ки ҳудуди як сол қабл вориди Олмон шудааст.

Тибқи ин гузориш, мошини боркаше, ки аз он барои ҳамлаи террористӣ дар шаҳри Берлин истифода шудааст, дар кишвари Полша, ки ҳудуди ду соат бо ин шаҳр фосила дорад, сирқат шуда буд.

Полиси Берлин ҳамчунин аз кашфи ҷасади як фарди албанияӣ дар мошини боркаше, ки аз он барои ҳамлаи террористӣ дар Берлин истифода шудааст, хабар дод.

Таҳқиқоти вижа дар бораи ҳамлаи террористӣ дар бозори Берлин оғоз шудааст.