Апрел 26, 2023 20:28 Asia/Dushanbe
  • Таомули Британия бо Чин
    Таомули Британия бо Чин

Давлати Британия пас аз як давраи равобити пуртаниш бо Чин ва лағви қарордодҳои муҳими тиҷорӣ бо ин кишвар, дар як чархиши ошкор, дубора хостори тавсеаи равобити тиҷорӣ бо Чин шуд.

Ба гузориши ИРНА, Ҷеймс Клеверли, вазири умури хориҷаи Британия дар суханоне бо фосила гирифтан аз мавозеи зиддичинии бархе аз аъзои аршади ҳизби ҳокими муҳофизакор гуфт, ки моил аст бо Чин хоҳ ба сурати дуҷониба ва хоҳ чандҷониба таомул кунад.

Клеверли сиёсати таомул бо Чинро дорои аҳамият донисту гуфт: Дар ғайри ин сурат мо дар анҷоми вазифаи худ барои ҳифзу шаклдиҳӣ ба назми байналмилалӣ шикаст хоҳем хурд.

 

Барчасп