Апрел 27, 2023 09:29 Asia/Dushanbe
  • Тафсир – Номзадии Байден дар интихоботи 2024 ва чолишҳои пеши рӯ +назари коршинос

Саранҷом пас аз муддатҳо гумоназанӣ, Ҷо Байден, раисиҷумҳури Амрико расман эълом кард, дар интихоботи раёсатҷумҳурии 2024 ширкат мекунад то дар сурати пирӯзӣ, барои чаҳор соли дигар дар Кохи Сафед мондагор шавад.

Байден ва ҳомиёни вай умедвор ҳастанд дар интихоботи панҷуми ноябри 2024 бори дигар битавонанд пирӯзи майдон шаванд ва Кохи Сафедро дар ихтиёр дошта бошанд. Ин дар ҳоле аст, ки фақат 26 дарсад аз мардуми Амрико бо номзадии дубораи Байден аз тарафи Ҳизби демократ барои ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурии ояндаи ин кишвар мувофиқ ҳастанд. Байден дар видеое, ки мунташир карда аз раъйдиҳандагон хоста аст то ба вай вақти бештаре барои «тамом кардани коре», ки ҳангоми оғози раёсатҷумҳуриаш ваъда дода буд, бидиҳанду нигарониҳои худ дар мавриди тамдиди давраи пиртарин раисиҷумҳури Амрико барои чаҳор соли дигар, канор бигузоранд.

Аз сӯи дигар, ба эҳтимоли бисёр зиёд Доналд Трамп, рақиби аслии Байден дар ин интихобот хоҳад буд. Трамп аз муддатҳо пеш аз номзадии худ дар ин интихобот хабар дода ва ваъдаҳое низ барои беҳбуди шароит дар Амрико додааст.

Интихоботи пеши рӯ, интихоботе бо чолишҳои бисёр аст. Афзоиши қиматҳо, пайомадҳои ҷанги Украина ва мушорикати Амрико дар ин ҷанг, танишҳои фазоянда дар дохили Амрико ва хурӯҷи бидуни барнома ва як бораи низомиёни амрикоӣ аз Афғонистон, аз ҷумлаи далоиле аст, ки мухолифони Байден бар он таъкид доранду ширкати дубораи Байден дар интихоботи пеши рӯ, раёсатҷумҳуриро бар наметобанд.

Аз сӯи дигар дар моҳҳои ахир, Байден ба далели вазъияти рӯҳии худ низ мавриди интиқоди бисёре аз шаҳрвандони ин кишвар қарор гирифтааст.

Тим Скотт, сенатори амрикоӣ дар ин замина ҳушдор медиҳад: Наҳваи мудирияти иқтисодии Байден дар ҳоли нобудии ояндаи иқтисодии хонаводаҳои амрикӣ аст.

Бо ин ҳол, тарафдорони Байден нигоҳе ба дастовардҳои давлати вай доранд. Аз назари онон, муваффақияти чашмгири давлати Байден дар ваксинаи густарда алайҳи бемории Ковид – 19, ки дар ниҳоят ба коҳиши чашмгири мавориди ибтило ва марги ношӣ аз вируси корона шуд, беҳбуди нисбии иқтисоди Амрико ва коҳиши сареъи бекорӣ камсобиқа дар Амрико, аз ҷумлаи дастовардҳои Байден унвон шудааст.

Аз сӯи дигар, давлати Байден бо тазриқи чанд триллиондоллар дар қолаби кумакҳои иқтисодӣ ва маъишатии зиддикоронаӣ, ба кумаки ақшори осебпазир, маҳбӯбияти худро дар байни бахши умдае аз ҳуқуқбигирони табақаи мутавассити рӯ ба поин ва фақирон афзоиш додааст.

Бо ин ҳол, бар асоси бархе аз назарсанҷиҳо, бисёре аз раъйдиҳандагони амрикоӣ хостори гузор аз Ҷо Байден ва Доналд Трамп дар интихобот ҳастанд ва тамоюле ба рақобати дубораи ин ду нафар надоранд. Бар асоси ҷадидтарин назарсанҷии Yahoo News, раъйдиҳандагони амрикоӣ ба шиддат ба рақобати эҳтимолии дубора байни Ҷо Байден, раисиҷумҳурии феълӣ ва Доналд Трамп, раисиҷумҳурии собиқ дар интихоботи 2024 беалоқа ҳастанд.

Трамп дар ҳоле вориди рақобатҳои интихоботӣ шудааст, ки муттаҳам аст, ки бо як бозигари филмҳои мустаҳҷан робитаи ғайриахлоқӣ дошта ва пеш аз интихоботи раёсатҷумҳурии 2016 ба вай 130 ҳазор доллар ҳаққи сукут додааст. Ин парванда тавассути додситонҳои Манҳеттен дар Ню-Йорк дар ҳоли баррасӣ аст.

Берни Сандерс, сенатори мустақил мегуяд, охирин чизе, ки ин кишвар ба он ниёз дорад як Доналд Трамп ё як авомфиреби ростгароӣ дигар аст, ки талош мекунад демокрасии амрикоиро тазъиф кунад ё ҳаққи интихоби занонро аз байн бибарад, ё ба буҳрони хушунат бо аслиҳа, ё нажодпарастӣ ва ҷинсиятгароӣ, расидагӣ накунад.

Ба ҳар ҳол, интихоботи 2024 Амрико, интихоботе бо чолишҳои фаровони иқтисодӣ ва сиёсӣ аст ва чӣ басо, иттифоқоти хушунатборе, ки дар ҷараёни интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2020 дар Амрико рух дод, дар соли 2024 такрор ё ҳатто бо шиддати бештаре рух намояд.

 

Барчасп