Апрел 29, 2023 16:54 Asia/Dushanbe
  • Ноибқаҳрамонии тими миллии куроши мардони Эрон дар Осиё

Тими миллии куроши мардони Эрон, бо 2 медоли тилло ва 2 нуқра ноибқаҳрамон Осиё шуд.

Давоздаҳумин давраи рақобатҳои куроши қаҳрамонии Осиё, ки аз дирӯз (ҷумъа) ба мизбонии Ханчжоуи Чин оғоз шуда буд, имрӯз (шанбе) низ пайгирӣ ва бо муаррифии нафароти бартари авзони боқимонда ба итмом расид.

Курош, яке аз зершохаҳои варзиши размии "вушу"аст ва ба сӯрати мусобиқоти байналмилалии қаҳрамонӣ баргузор мешавад.

Дар бахши бонувон, тими Эрон соҳиби 2 медоли нуқра ва 2 медоли бурунз шуд.

Дар бахши мардон, пас аз Узбекистон (5 тилло ва як нуқра) Эрон дар раддаи дувум ҷой гирифт ва ноибқаҳрамони Осиё шуд.

 

Барчасп