Апрел 29, 2023 17:00 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Шанхай дар Ҳинд
    Таҳлил: Нишасти вазирони дифои кишварҳои узви Шанхай дар Ҳинд

Нишасти вузарои дифои кишварҳои узаи Шанхай дар ҳоле дар Ҳинд баргузор шуд, ки ихтилофоти марзӣ миёни муҳимтарин кишварҳои узв ҳамчунон идома дорад ва бар ҳамкори  миёни аъзо сояафканда аст.

Раҷнатҳ Сингҳ вазири дифои Ҳинд хитоб ба ҳамтои чинии худ гуфт, сулҳ дар марзҳои муштараки лозимаи равобити беҳтар миёни дукишвар аст. Вай  дар дидор бо вазири дифои Чин таъкид кард, ки беҳбӯди муносиботи Деҳли Нав ва Пекин бастаги ба бозгаши сулҳ ва оромиш ба марзҳои муштараки онон дорад, вазъияте, ки ба далели танишҳои низомии дукишвар муътал шудааст.

Изҳороти вазири дифои Ҳинд хитоб ба вазири дифои Чин дар ҳоле аст, ки танишҳои марзӣ миёни дукишвар дар моҳҳои ахир шиддат ёфта ва бар равобити Пекин ва Деҳлии Нав сояафканда аст. Ин дар ҳоле аст, ки интизор меравад бо узвияти Ҳинд дар Созмони Шанхай бираван.

Ли Миёнг коршиноми масоили сиёсӣ дар ин бора мегӯяд:  Ба назар мерасад нуқоти заъифи Шанхай дар хусуси ихтилофоти аъзо дар ҳоли наёмон шудан аст нигароние, ки пештар низ унвон шуда буд.  Зеро бо узвият Ҳинд ва Прокистон, ки ихтилофи суннати доранд ва ҳамчунин ихтилофоти Чин ва Ҳиндустон дар мавриди масоили марзӣ, қобили пешбинӣ буд, ки ин ихтилофот бар раванди таъомули аъзои Созмони Шанхай сояандозад: Равобити байни ду қудрати Осиёи муҷаҳаз ба силоҳи ҳастаӣ аз авосити соли 2022 замоне, ки нерӯҳои низомии Чин ва Ҳинд дар марзҳои мавриди муноқишаи Ҳимолиё даргир ва тайи он 24 нафар кӯшта шуданд ба шиддат муташаниҷ шудааст.

Агарчӣ увзоъ дар марзҳои Чин ва Ҳинд ба тӯли се ҳазору 800 киламетр пас аз музокироти низомӣ ва дипламатики ахир ба ҳадди зиёде ором шуд, аммо руёрӯии парокандаи низомиёни дукишвар дар навори марзӣ ҳамчунон идома дорад ва бар нигарониҳо дар бораи хатари даргирии  густарда миёни онҳо доман мезанад.

Бо таваҷҷӯҳ  ба ин, ки масоили арзӣ ва марзӣ барои Ҳиндустон ва Чин ба масалаи ҳайсияти табдил шудааст ҳеҷ як аз ду тараф ҳозир ба кӯтоҳ омадан дар мавозеъашон нестанд. Роҷия Синг коршиноси масоили сиёсӣ дар ин  бора мегӯяд: Ҳиндустон ва Чин барои тавсиаи ҳамкорӣ ниёзманди ҳалли ихтилофоташон ба шакли асоси ҳастанд ва дар ин хусус бояд таваҷҷӯҳ ба масоили арзӣ ва марзӣ бисёр муҳим аст.

Ин дар ҳоле аст ,ки  дукишвар ба рағми ташкили Кумитаҳо ва нишастҳои вижа ҳанӯз натавонистаанд ба роҳи ҳали усули дар ин бора бирасанд ва ихтилофоташон дар ҳоли сояандохтан бар Маҷмъаи Шанхай ҳам аст. Дар ҳар ҳол, изҳороти вазири дифои Ҳинд дар дидор бо вазири дифои Чин дар ҳошияи Иҷлоси вазирони дифоии Созмони Ҳамкории  Шанхай дар Деҳлии Нав мавзӯъи муҳиме аст, ки нишон медиҳад ҳамкории дукишвари муҳими осиёӣ ва пурҷамъияттарин кишварҳои ҷаҳон бо чолиш ва беэътимодии ҷиддӣ рӯ ба рӯ аст. Рушди равобити байни Деҳли Нав ва Пекин бар асоси ҳикимияти сулҳ ва оромиш дар мавозеъи худ, дар ҷиҳати ҳалли ихтилофот гомҳои асосӣ бардоранд. Дап ғайри ин сурат идомаи ихтилофот на танҳо метавонад бар сатҳи ҳамкориҳо дар Созмони Шанхай таъсиргузор бошад балки метавонад сабаби баҳрабардории кишварҳои фароминтақаи зиддӣ ҳар яке аз онҳо шавад.

Барчасп