Май 02, 2023 17:48 Asia/Dushanbe
  • Монеъ шудан аз ҳузури масъули мусалмон дар зиёфати иди Фитр дар Кохи Сафед
    Монеъ шудан аз ҳузури масъули мусалмон дар зиёфати иди Фитр дар Кохи Сафед

Шаҳрдори мусалмони яке аз шаҳрҳои иёлати Ню Ҷерсии Амрико ба иллати сабти иштибоҳи номаш дар феҳрести террористии идораи таҳқиқоти федерол иҷозаи ҳузур дар зиёфати иди Фитр дар Кохи Сафедро нагирифт.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Муҳаммад Хайруллоҳ шаҳрдори шаҳраки 6 ҳазор нафараи Парки проспект монеъ шудан аз ҳузур дар зиёфати якшанбешаб дар Кохи Сафедро исломҳаросона хонду гуфт, ки ба назар мерасад қурбонии табъизи нажоди шуда аст.

Пештар шурои равобити амрикоӣ-исломӣ ба вай иттилоъ дода буд, ки аз соли 2019 шахси ба ҳамин ном дар феҳрести террористии идораи таҳқиқоти федерол қарор дорад ба далели ҳамин шабоҳати исми Хайруллоҳ ҳангоми вуруд ба фурудгоҳи Ҷониефкенди Ню-Йорк низ ба муддати се соат боздошт шуда буд.

Хайруллоҳ афзуд: Аз соли 2019 бо мушкилоти дар сафарҳоям ру ба ру шудам ва фикр мекардам, ки ин мавзуъ ду соли пеш ҳалуфасл шуда бошад.

Муҳаммад Хайрулло шаҳрванди Сурия аст, ки соли 2000 шаҳрванди Амрико шуд ва панҷбори паё пай ба шаҳрдории шаҳр интихоб шуда аст.

Шаҳрдори Парки проспект тавзеҳ дод ним соат пеш аз он ки ба Кохи Сафед бирасад бо вай тамос гирифтанд ва иттилоъ доданд, ки муҳофизати раёсати ҷумҳури ба вай иҷозаи ҳузур дар маросимро намедиҳад ва бояд ба иқоматгоҳаш боз гардад.

Барчасп