Украина бо ду паҳпод ба Кремл ҳамла кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i101736-Украина_бо_ду_паҳпод_ба_Кремл_ҳамла_кард
Сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия аз дафъи ҳамлаи ҳавопаймои бедуни сарнишини артиши Украина ба Кохи Кремл хабар дод.
(last modified 2025-07-05T06:57:06+00:00 )
Май 03, 2023 18:04 Asia/Dushanbe
  • Украина бо ду паҳпод ба Кремлин ҳамла кард
    Украина бо ду паҳпод ба Кремлин ҳамла кард

Сухангуи раёсати Ҷумҳурии Русия аз дафъи ҳамлаи ҳавопаймои бедуни сарнишини артиши Украина ба Кохи Кремл хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Дмитрий Песков, сухангуи раёсатҷумҳурии Русия имрӯз чаҳоршанбе бо эъломи хабари дафъи ҳамлаи паҳподии Украина ба мақари раёсатҷумҳурии Русия гуфт, ки Маскав ин ҳамларо сӯиқасд ба ҷони Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия дониста ва ҳаққи иқдом ба талофиҷӯёнаро барои худ маҳфуз медонад.

Песков афзуд: Дар ин ҳама ду фарванд ҳавопаймои бедуни сарнишини украинӣ пеш аз расидан ба Кремл раҳгирӣ ва нобуд шуданд.