Медведев хостори ҳазфи физикии Зеленский шуд
(last modified Thu, 04 May 2023 04:19:26 GMT )
Май 04, 2023 09:19 Asia/Dushanbe
  • Медведев хостори ҳазфи физикии Зеленский шуд
    Медведев хостори ҳазфи физикии Зеленский шуд

Муовини раис Шӯрои амнияти Русия пас аз ҳамлаи паҳподи ба Кремлин, хостори ҳазфи физикии Владимир Зеленский раисиҷумҳӯрии Украина шуд.

Ба гузориши Садои Хуросон, расиҷумҳӯри собиқи Русия асри чаҳоршанбе дар канали Телеграмии худ навишт: Ин ҳамлоти террористӣ як гузина ҷӯзъ ҳазфи физикии Зеленский ва ҳамроҳони ӯ барои Маскав боқи нагузоштааст.

Медведев таъкид кард: Ҳатто ниёзӣ нест, ки Зеленский   санади таслими бе қайду шартро имзо кунад чаро, ки Ҳитлер ҳам чунин санадро имзо накард аммо ҳамеша роҳҳои ҷойгузине барои ҳазфи амсоли Ҳитлер вуҷҷӯд дорад.

Аз сӯйи дигар Зеленский раисиҷумҳӯри Украина рӯзи чаҳоршанбе даст доштани Киев дар ҳамлаи паҳподӣ ба иқоматгоҳи Кремлин дар Маскав пойтахти Русияро рад кард.