Медведев: Аврупо бо сиёсатҳояш ба иқтисоди худ зарар зад
(last modified Wed, 17 May 2023 04:18:58 GMT )
Май 17, 2023 09:18 Asia/Dushanbe
  • Медведев: Аврупо бо сиёсатҳояш ба иқтисоди худ зарар зад

Муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия кишварҳои аврупоиро дунболарави сиёсатҳои ғалати Амрико хонд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти миллии Русия имрӯз (сешанбе) бо радди иддаои Эммануэл Макрон, раисиҷумҳури Фаронса дар бораи тазъифи Маскав эълом кард, ин иддао комилан беасос аст ва ин кишварҳои аврупоӣ ҳастанд, ки дар пайи дунболаравии сиёсатҳои ғалати Амрико буда ва дар ин фароянд ба иқтисоди худ осеб ворид кардаанд.

Эъмоли таҳримҳои шадид ва якҷонибаи кишварҳои ғарбӣ, аз ҷумлаи кишварҳои Иттиҳоди Аврупо алайҳи Русия ба баҳонаи ҷанг дар Украина мӯҷиби боло рафтани бесобиқаи баҳои энержӣ дар кишварҳои аврупоӣ шуд ва зимистони 2023 ба яке аз сахтарин зимистонҳои ин қора табдил гардидю. Маскав пеш аз ҷанги Украина ҳудӯди 40 дарсад аз гази масрафии Иттиҳоди Аврупоро аз тариқи хати лӯла таъмин мекард, аммо акнӯн ин содирот то 75 дарсад коҳиш ёфтааст.