Тамдиди таҳримҳои Амрико зидди Русия
Вазорати хазонадории Амрико эълом кард, ки ҳафт шахсияти ҳақиқӣ, ҳашт шахсияти ҳуқуқӣ ва ду киштӣ ба феҳристи таҳримҳои Амрико зидди Русия афзуда шудааст.
Ба гузориши хабаргузории Меҳр, вазорати хазонадории Амрико ҳамчунин аз 26 ширкати тобеи «Бонки кишоварзии Русия» ва ширкати тавлидкунандаи гази «Новатэк» ном бурд, ки ҳар ду аз соли 2014 таҳрим шудаанд.
Ҷон Смит сарпарасти дафтари назорат бар дороиҳои хориҷии вазорати хазонадории Амрико муддаӣ аст, ки тамдиди таҳримҳо зидди Русия дар вокуниш ба ҳамроҳ кардани нимҷазираи Қрим ба Русия анҷом шудааст.
Амрико ва Иттиҳодияи Аврупо аз соли 2014 бо тарҳи иттиҳоми дахолати Русия дар даргириҳои шарқи Украина ва кумак ба мухолифони давлати ин кишвар, маҷмӯае аз таҳримҳои иқтисодӣ ва молии зиддирусиро ҷорӣ кардаанд, ки вокуниши мутақобили Маскавро дар пай доштааст.