Медведев: НАТО ба дунболи нобудии Русия аст
Муовини раиси Шӯрои амнияти Русия таъкид кард, Созмони Паймони Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) бо ҷанги ниёбатӣ дар Украина дар садади нобудии Русия аст.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия гуфт, НАТО ҳамчунон аз пазириши ин воқеият имтиноъ меварзад, ки сенарияи кунӯнӣ, ки дар он ба ҷанги ниёбатӣ алайҳи Русия дар Украина доман мезанад, дунёро низ дар маърази хатари як охируззамони ҳастаӣ қарор додааст.
Ин мақоми рус афзуд, дар ғайри ин сӯрат, Вашингтон ва муттаҳидонаш дар НАТО чунин таслеҳоти хатарнокеро ба режими Украина намерасонданд.
Ба гуфта раисиҷумҳури собиқи Русия, онҳо дар зоҳир муътақиданд, ки даргирии ҳастаӣ ё охируззамони ҳастаӣ ҳаргиз имконпазир нест, аммо иштибоҳ мекунанд, чаро ки дар бархе маворид, воқеаҳо метавонанд сенарияи комилан ғайриқобили пешбиниро рақам бизананд ва масъулият ҳар иттифоқи эҳтимолӣ, комилан бар ӯҳдаи НАТО аст.