Талоши давлати Ҷопон барои афзоиши тамоюли фарзандоварӣ
(last modified Wed, 24 May 2023 16:25:19 GMT )
Май 24, 2023 21:25 Asia/Dushanbe
  • Талоши давлати Ҷопон барои афзоиши тамоюли фарзандоварӣ

Давлати Ҷопон барои ташвиқи шаҳрвандон ба фарзандоварӣ, молиётҳоро афзоиш намедиҳад.

Ҷопон дар солҳои ахир бо буҳрони пирии ҷамъият рӯбарӯ аст ва то кунун тамоми роҳкорҳои давлатмардони ҷопонӣ барои ҳалли ин мушкил бо шикаст рӯ ба рӯ шудааст. Аммо талош барои таваққуфи раванди коҳиши зоду валад идома дорад.

Ба гузориши рӯзи сешанбеи хабаргузории ИСНА, Фумио Кишидо, нахуствазири Ҷопон гуфт, бо ҳадафи афзоиши нархи зоду валад дар ин кишвар, барномаҳои ҷадиди молиётиро эъмол намекунад.

Кишидо дар ҷаласаи ҳайати давлат, ки бо ҳадафи муроқибат аз кӯдакон дар се соли оянда баргузор шуд, гуфт, қасд надорад буҷети лозим барои ноил шудан ба ин ҳадафро аз тариқи афзоиши молиётҳо, аз ҷумла молиёт бар масраф таъмин кунад.

Дар охирин оморҳо, ҷамъияти Ҷопон 125 миллиону 700 ҳазор нафар эълом шудааст.