Май 27, 2023 18:15 Asia/Dushanbe
  • Интихоботи 2024 Амрико; Ҷумҳурихоҳон алайҳи ҷумҳурихоҳон

Эъломи расмии ҳузури фармондори иёлати Флорида дар рақобатҳои дарунҳизбии интихоботи 2024 оташи ихтилофот миёни ҷумҳурихоҳонро бар афрӯхтатар кард.

Интихоботи оянда дар Амрико дар 5 ноябри 2024 баргузор хоҳад шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ба навиштаи нашрияи Newsweek, Рон ДеСантис, фармондори 44 солаи иёлати Флорида чаҳоршанбеи гузашта ба сӯрати расмӣ ҳузур дар рақобатҳои дарунҳизбиро дар “Твиттер” эълом ва ба моҳҳо гумоназанӣ дар ин маврид поён дод.

Трампи 76 сола, ки тамомии назарсанҷиҳои ахир ҳокӣ аз пештозии ӯ дар миёни дигар довталабони эҳтимолии ҷумҳурихоҳ буд, ба ҳамалоти ҳафтаҳои ахир ба фармондори Флорида идома доду оғоз ба кори муборизоти интихоботии рақибашро «фоҷеъабор» хонду афзуд, ки сиёсатҳои ӯ дар даврони ҳамагирии Ковид дар муқоиса бо ончӣ ки дар Ню-Йорк ва ба василаи Эндрю Куомо, фармондори собиқи демократи ин иёлат анҷом шуд, ранг мебозад.