Фош шудани шумори муздӯрони амрикоии кушташуда дар ҷанги Украина
Рӯзномаи Вашингтон Пост дар гузорише аз кушта шудани ҳудуди 16 муздӯри амрикоӣ, ки дар ҷанги Украина мушорикат доштанд, хабар дод .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Вашингтон Пост, пас аз инки ҷангҳои ахири Амрико ба тадриҷ ба таърих пайваст, бархе аз куҳнасарбозон тасмим гирифтанд дар Украина силоҳ дар даст бигиранду дасти кам 16 тан ҷони худро аз даст доданд .
Дар мақолаи Вашингтон Пост омадааст: Амрикоиҳое, ки ба неруҳои украинӣ пайвастанд, ба сурати фардӣ ба Украина рафта ва ҳушдорҳои расмӣ ва мукаррари Ҷо Байден-раиси Ҷумҳурии Амрико ва аъзои дигари давлати вайро нодида гирифтанд.
Пештар Сергей Шойго-вазири дифои Русия гуфта буд ки беш аз 2500 неруи муздӯри хориҷӣ дар набардҳо дар канори Киев мушорикат доранд.
Бештар бихонед :