Декабр 22, 2016 18:46 Asia/Dushanbe
  • Фармони Путин барои афзоиши тавони ҳастаии Русия

Раисҷумҳури Русия дар ҷамъи фармондеҳони низомии ин кишвар фармони афзоиши тавони ҳастаии Русияро содир кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Владимир Путин, раисҷумҳури Русия таъкид кард: «Мо ниёзманди тақвияти қобилиятҳои нерӯи ҳастаии роҳбурдии худ ҳастем, бавижа бо мӯшакҳое, ки битавонанд дар ҳар сомонаи падофанди мӯшакӣ ва дар ҳар пӯшиши муҳофизатӣ аз ҳар ҷинс нуфуз кунанд». Путин афзуд: «Мо бояд бо диққат ҳар гуна тағйир дар тавозуни қудрат дар вазъияти сиёсӣ ва низомии ҷаҳон, бавижа дар марзҳои Русияро таҳти назар дошта бошем ва ба суръат тарҳҳоеро барои хунсо кардани таҳдидоти мавҷуд пайгирӣ кунем».

Сергей Шойгу, вазири дифои Русия ҳам дар ин нишаст таъкид кард, аз замони оғози амалиёти ҳавоии артиши Русия дар Сурия ҷангандаҳои рус беш аз 71 ҳазор парвоз бар фарози Сурия анҷом дода, беш аз 35 ҳазор террористро низ нобуд кардаанд. Шойгу афзуд, дар ин амалиёт беш аз 700 маврид аз урдӯгоҳҳои омӯзишии террористҳо дар Сурия нобуд ва беш аз 9 ҳазор нафар аз гурӯҳҳои мусаллаҳ силоҳҳои худро ба замин гузошта, таслим шуданд. Вазири дифои Русия ҳамчунин гуфт, амалиёт дар Сурия сабаб шуд, то созмонҳои террористии байналмилалӣ дар Сурия зарбаи ҳалокатборе зада шаванд ва густариши онҳо дар минтақа мутаваққиф шавад. Шойгу гуфт, ҳамчунин ҷилави сарнагунии Ҳукумати Сурия гирифта шуд ва маҷмӯае аз инқилобҳои ранга дар Ховари Миёна ва шимоли Африқо ноком монд. Ба гуфтаи вазири дифои Русия, «раванди сулҳу созиши сиёсӣ миёни аҳзоби мухталиф дар Сурия оғоз шудааст ва то кунун ҳудуди 1074 шаҳрак бо ҷамъияти беш аз 3 ҳазор нафар ба режими оташбас пайваст шуда, ҳудуди 108 ҳазор нафар аз оворагон ба хонаҳои худ баргаштаанд».

 

Барчасп