Июн 04, 2023 17:51 Asia/Dushanbe
  • Гиромидошти солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.) дар саросари ҷаҳон

Маросими 34-умин солгарди иртиҳоли ҳазрати имом Хумайнӣ (раҳ.), бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҳузури шефтагону ошиқони эшон дар саросари ҷаҳон баргузор шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон,34-умин маросими солгарди иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.) ба ҳиммати ройзании фарҳангии сафорати Ҷуҳмурии исломии Эрон дар Испания дар Маркази аҳлибайти Мадрид баргузор шуд.

Дар ин маросим, ки бо ҳузури ҷамъе аз эрониёни муқим, испониёиҳои алоқаманд ба Инқилоби Исломӣ ва ширкаткунандагоне аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла Ироқу Афғонистон баргузор шуд, Муҳаммадмаҳдии Аҳмадӣ, ройзани фарҳангии Ҷумҳурии исломии Эрон дар Испания бо ишора ба муҳимтарин ибтикори имом Хумайнӣ (раҳ.), ки ҳамон низоми Ҷумҳурии исломӣ аст гуфт, имом ибтикороти фаровоне дошта, вале муҳимтарин ибтикори имом таъсиси низоми Ҷумҳурии исломӣ аст, ки дар воқеъ ҳамон мардумсолории динӣ аст.

Дар Италия низ маросими 34-умин солгарди иртиҳоли бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон, бо ҳузури андешмандон ва дӯстдорони Инқилоби Исломӣ баргузор шуд.

Дар Бағдоду Наҷафи ашрафи Ироқ ҳам маросими 34-умин солрӯзи иртиҳоли имом Хумайнӣ (раҳ.) баргузор шуду ширкаткунандагон мавозеъи ҷиҳодӣ, сиёсӣ ва илмии имомро ёдовар шуданд.

Иттиҳоди анҷуманҳои исломии донишҷӯён дар Аврупо ҳам бо судӯри баёнияе ба муносибати иртиҳоли бунёнгузори Ҷумҳурии исломии Эрон эълом кард, имоми роҳил, аслро бар тарбияти инсонҳои илоҳӣ гузоштанд то дар ҷомеае Худописанд, на танҳо маоши дунявӣ ва осоиши умумӣ муҳаққақ гардад, балки такомули маънавии афрод низ дар муҳите солиму мустаъиди рушд, таҳаққуқ ёбад.

 

Барчасп