Ҳамлаи ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Киев ва Харков
(last modified Tue, 06 Jun 2023 05:24:04 GMT )
Июн 06, 2023 10:24 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҳавоии Русия ба шаҳрҳои Киев ва Харков

Мақомҳову манобеи расонаии Украина эълом карданд, ки шаҳрҳои Киев ва Харков душанбешаб ҳадафи ҳамалоти ҳавои Русия қарор гирифтанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, шаҳри Балаклия дар минтақаи Харков душанбешаб ҳадафи тӯпхонаи Русия қарор гирифт, ки бар асари он як ғайринизомӣ кушта ва 9 тани дигар захмӣ шуданд . Бархе манобеъ ҳам эълом карданд, ки Русия Харковро бо мӯшакҳои С - 300 ҳадаф қарор додааст .
Пас ин ҳамла ҳушдори ҳамлаи ҳавоӣ дар саросари Харков ва ҳамчунин бахшҳои зиёде аз шарқи Украина содир шуд.
Аз сӯи дигар манобеи низомии Украина гузориш доданд, ки Киев-пойтахти ин кишвар низ ҳадафи ҳамлаи ҳавои Русия қарор гирифт ва сомонаҳои зиддиҳавоии Украина ба муқобила бо ин ҳамла пардохтанд.
Ташдиди даргириҳо дар ҳоле аст Вазорати дифои Русия бомдоди душанбе эълом кард, ки як ҳамлаи бузурги артиши Украинаро дар минтақаи Донетск беасар кардааст .
Ҷанги Украина шонздаҳумин моҳи худро мегузаронад ва ирсоли таслеҳоти кишварҳои ғарбӣ барои Украина ҳамчунон идома дорад.
Мақомҳои русӣ ва бархе коршиносону расонаҳои ғарбӣ ҷанги Украинаро ҷанги навбатӣ миёни Ғарбу Русия тавсиф кардаанд .
Рӯсия борҳо гуфтааст, ки ирсоли таслеҳоти ғарбӣ ба Украина танҳо боиси тӯлонӣ шудани муноқиша дар ин кишвар мешавад ва паёмадҳои ғайриқобили пешбинӣ ба дунбол дорад.

Бештар бихонед :