Интихоби 5 узви ғайридоими ҷадиди Шӯрои амният
Маҷмаи умумии Созмони Милал муташаккил аз 193 кишвар рӯзи сешанбе ба интихоби панҷ узви ғайридоими Шӯрои амният барои давраи 2024 то 2025 раъй дод.
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, кишварҳои ҷадиди узви ғайри доими Шӯрои амният, ки ба Шӯрои амният роҳ ёфтаанд, шомили Исовини, Кореяи Ҷанубӣ, Гайана, Сиерра-Леоне ва Алҷазоир мешавад, ки ҷойгузини Албания, Габон, Гана, Иморот ва Бразилия хоҳанд шуд.
Давраи ин кишварҳо дар 31 декабр ба поён мерасад.
Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид, панҷ узви доим ва 10 узви ғайридоим дорад, ки раёсати Шӯрои амнияти давраӣ ва тӯли муддати он як моҳа аст ва раиси ҳайати намояндагии ҳар кишвар ба унвони раиси Шӯрои амнияти Созмони милал шинохта мешавад.
Ҳар сол Маҷмаи умумӣ, панҷ узви ҷадидро интихоб ва ҷойгузини аъзои қадимитаре, ки давраи узвияташон дар 31 декабр поён меёбад, месозад.