Июн 24, 2023 11:03 Asia/Dushanbe
  • Захарова : Бастани гузаргоҳи Лочин боиси афзоиши таниш шудааст

Сухангӯи Вазорати хориҷаи Русия гуфт : Ҷумҳурии Озарбойҷон вуруд ба гузаргоҳи Лочинро бастаааст ва ин иқдом боиси афзоиши таниш шудааст.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Захарова дар бораи масдуд шудани гузаргоҳи Лочин, ки Арманистонро ба Қарабоғ пайваст мекунад, гуфт : Чунин иқдомоте муҷиби афзоиши таниш шуда ва гоми созанда дар ростои ҳифзи фазои оддӣ барои оддисозии равобит миёни Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон нахоҳад буд.
Вай аз Боку хост, ки гузаргоҳи Лочинро ба таври комил бозгушоӣ кунад.
Ҷумҳурии Озарбойҷон аз декабри 2022 гузаргоҳи Лочин, ки минтақаи Қарабоғро ба Арманистон муттасил мекунад, масдӯд кард . Ереван дар ин маврид гуфтааст, ки Боку бо ин кор ба дунболи наслкушии арманиҳо дар минтақаи Қарабоғ аст.






 

 

Барчасп