Путин : Созмондиҳандагони шӯриш муҳокима хоҳанд шуд
(last modified Tue, 27 Jun 2023 05:17:35 GMT )
Июн 27, 2023 10:17 Asia/Dushanbe
  • Путин : Ҳар гуна боҷгирӣ ва ошӯб маҳкум ба шикаст аст
    Путин : Ҳар гуна боҷгирӣ ва ошӯб маҳкум ба шикаст аст

Владимир Путин-раиси ҷумҳӯри Русия пас аз шӯриши 24 соъатаи гуруҳи Вагнер бо баёни инки шӯришён ба кишварашон хиёнат карданд, гуфт : Созмондиҳандагони шӯриш муҳокима хоҳанд шуд.

Гуруҳи нимазомии Вагнер ба фармондеҳии Евгений Пригожин ҷумъаи гузашта бо иддаои инки неруҳои артиши Русия ба мавозеъи ин гуруҳ ҳамла кардаанд, амалан навъе шӯриши мусаллаҳонаро оғоз кард .
Евгений Пригожин асри шанбе бо интишори як файли савтии забтшуда аз мавозиъаш ақибнишинӣ кард .

Ба гузориши ИРНА,раиси ҷумҳӯри Русия душанбешаб дар як гуфтугуи телевизиюнӣ зимни ташаккур аз мардуми ин кишвар барои иттиҳод, меҳанпарастӣ ва истиқомати онҳо таъкид кард : Ҳар гуна боҷгирӣ ва ошӯб маҳкум ба шикаст аст.

Путин бо ишора ба инки сарони Вагнер қасд доштанд неруҳои русӣ бар рӯйи ҳам аслиҳа кашидаву якдигарро бикушанд, афзуд : Ба дастури мустақими ман тасмимоте барои ҷилавгирӣ аз хунрезӣ гирифта шуд .

Вай бо таъкиди бар инки сарони Киев низ ба дунболи бурузи ин масъала дар интизори ба ҷони ҳам афтодани неруҳои русӣ буданд, гуфт : Аммо аксарияти қариб ба иттифоқи неруҳои Вагнер меҳанпарасту ошиқи сарзамини модарии худ ҳастанд ва дар ин ҷараён аз онҳо сӯистифода шуд.
Путин дар идома бо ташаккур аз Александр Лукашенко-раиси ҷумҳӯри Беларус ба хотири кумаку нақше, ки дар ҳалли ин буҳрон ифо кард, аз неруҳои Вагнер даъват кард то барои бозгашт ба хона ё рафтан ба Беларус бо Вазорати дифо қарордод имзо кунанд .

Бештар бихонед :