Таҳлил: Тақобули гуруҳи низомии Вагнер ва вазири дифоъи Русия
(last modified Sun, 25 Jun 2023 10:32:52 GMT )
Июн 25, 2023 15:32 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Тақобули гуруҳи низомии Вагнер ва вазири дифоъи Русия
    Таҳлил: Тақобули гуруҳи низомии Вагнер ва вазири дифоъи Русия

Таҳавулоти дохилии Русия бо сарпечии гуруҳи низомии Вагнер ва вуруди унсурҳои он ба шаҳри Ростови Русия ва эъломи хостаҳои он тавассути  Евгений Пригожин раиси ин гуҳур вориди марҳалаи ҷадид шуда аст.

Сергей Шойгу вазири дифоъи Русия
Евгений Пригожин раиси гуруҳи Вагнер

Аз чанд омҳи қабл раиси Вагнер иттиҳомоти зиёдеро зидди Вазорати дифоъ ва Сергей Шойгу вазири дифоъ ва низ генерал Валерий Герасимов фармондеҳи неруҳои мусаллаҳи Русия дар бораи коршикани зидди ин гуруҳ бо адами ирсоли муҳимот ва таҷҳизот ва ақломи лаҷестики ва низ фиристодани онҳо ба минтақаҳое, ки даргирии дар онҳо сохта аст бо ҳадафи куштори неруҳои Вагнер ворид карда буд.

Изҳороти рузи ҷумъаи Евгений Пригожин раиси Вагнер дар бораи ҳамлаи мушаки ба аъзои ин гуруҳ ва кушта шудани теъдоди зиёди аз онҳо дар ҳамлаи мушаки ва сиапас ҳамалоти болгарди ва тупхонаи аз тарафи Русия ба онҳо сабаб шуд то Евгений Пригожин дар мавзеъигирии тунд дастури бозгашти неруҳои Вагнер ба дохили Русия бо ҳадафи бархурди шадид бо омилони ин ҳамалот, ки аз диди вай Сергей Шойгу вазири дифоъ аст содир карда ва ҳатто хоҳони дор задани у дар майдони сурхи Маскав шуд.

Евгений Пригожин муддаи шуд неруҳояш вориди хоки Русия шуданд то бо вазири дифоъ тасвияҳисоб кунанд.

Раиси гуруҳи Вагнер ҳам чунин артиши Русияро ба фиреби Путин дар робита бо пешрафтҳои ҷанги дар Украина мутаҳам карда аст дар муқобил артиши Русия гуруҳи Вагнерро ба фуруши иттилоъоти ҷангӣ дар азои пул ба артиши Украина мутаҳам карда аст.

Пешравии неруҳои Вагнер ба тарафи дохили Русия ба вижа аз тарафи Ростов ва иддаои сарнагунии як болгарди русӣ нишон медиҳад ки бояд интизори даргирии густардаи артиши Русия бо неруҳои Вагнерро дошт ки ин даргирии дохили албата таъсироти манфии худро аз ҳамакнун бо омодагии неруҳои украинӣ барои ҳамла ба мавозеъи, ки неруҳои Вагнер онҳоро тахлия карданд аз ҷумла дар ҳаволии Бахмут нишон дода аст.

Бо вуҷуди ин ки то қабл аз Владимир Путин раиси Ҷумҳурии Русия ҳамвора ҳомии Вагнер буд аммо бо таваҷуҳ ба иттиҳомоти Вазорати дифоъ ва артиши Русия зидди ин гуруҳ ва раиси он мабни бар тамаруд, беназми ва иқдомоти худсарона ва худдори аз дастури вазири дифоъ мабни бар лузуми пайвастани ҳамаи неруҳои шибҳи низомӣ ба артиши Русия то августи соли 2023 ки Евгений Пригожин сароҳатан онро рад кард Путин акнун дар канори Сергей Шойгу ва зидди Вагнер мавзеъгири намуда аст.

Дар ин росто Путин дар суханони зимни ишора ба ин ки ҳаргуна даргири бояд дар тули амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина канор гузошта шавад таъкид кард, ки сарнавишти мардуми Русия акнун дар ҳоли таъин шудан аст Путин гуфт: Он чи имруз бо он ру ба ру ҳастем хиёнати дохили аст ман ба муборизони Вагнер ҳушдор медиҳам дар замоне ки Русия бо ҷанги сахти ру ба ру аст таслими моҷароҷуии ҷинояткорона нашаванд шуриши мусалаҳона, ханҷар аз пушт аст ва мо аз худ дифоъ хоҳем кард.

Хиёнаткорон сазои корашонро хоҳанд дид неруҳои мусаллаҳи Русия дастури лозимро барои хунсо кардани созмондиҳандагони шуриши мусалаҳона дарёфт карданд посухи мо ба ин шуриши мусалаҳона сахт хоҳад буд.

Гуруҳи низомии Вагнер ки дар соли 2014 тавассути Евгений Пригожин сарошпази собиқи Кремлин ташкил шуд ба тадриҷ ба қудрат ва истеъдоди низомии худро афозиш дода ва аз 250 нафар дар соли 2014 ба беш аз 50 ҳазор дар декабри соли 2022 афзоиш ёфта аст.

Ин гуруҳ дорои анвоъи таҷҳизоти сангини замини ва ҳавоӣ буда ва нақши муҳими дар сиёсати амнияти Русия ба вижа ҳузур дар манотиқе, ки ба наҳви ба манофеъи Русия марбут буд аммо артиши Русия қодир ба ҳузури расми дар онҳо нест дошта аст гуруҳ Вагнер то кунун дар чангҳои мухталиф, ки як пои он Русия буд ҳузур пайдо карда аст.

Азҷумла дар ҷанги Донбас дар Украина дар солҳои 2014 то 2015, ҷанги Сурия, ҷанги дохилии Либи ҳузури низомӣ дар ҷумҳурии Африқои Марказӣ ва Молӣ ишора кард албата аъзои Вагнер дар ҷанги Русия ва Украина низ ҳузури муассири дошта ва аз ҷумла тавонистанд шаҳри стратежикии Бахмут вилояти Донбасро албата бо талафоти зиёди беш аз даҳазор нафар тасаруф кунанд.

Акнун бо ташиди ихтилофот байни раиси Вагнер ва вазири дифоъи Русия ва бо вуҷуди таҳдидоти матраҳшуда аз суи вай дар бораи пешрави ба суи Маскав ва муҳокимаи мақомот ба заъми вай хиёнаткор монанди вазири дифоъ ва раиси ситоди муштараки артиши Русия аммо бо таваҷуҳ ба мавзеъгирии сарҳе ва қотиъонаи Путин метавон пешбини кард, ки дар сурати истодагӣи Евгений Пригожин бар мавзеъи кунунии худ бояд интизори бархурди сахт бо гуруҳи Вагнер аз суи неруҳои мусаллаҳи Русияро дошт зимни инки ин гуруҳ асосан фоқиди тавон ва унсурҳои низомии лозим барои муқобила бо артиши Русия аст.