Ҳинд нафти Русияро бо юан харидорӣ мекунад
(last modified Tue, 04 Jul 2023 08:15:50 GMT )
Июл 04, 2023 13:15 Asia/Dushanbe
  • Ҳинд нафти Русияро бо юан харидорӣ мекунад

Полоишгоҳҳои Ҳинд пардохти бахше аз воридоти нафт аз Русия бо воҳиди пули Чин, " юан "-ро оғоз карданд .

Хабаргузории Райтер ба нақл аз як манбаи давлатии Ҳинд, ки хост номаш эълом нашавад,гузориш дод ки агар бонкҳо моил ба тасвияи ҳисоб бо доллар набошанд, бархе полоишгоҳҳои Ҳинд пардохтҳоро бо арзҳои дигар монанди юан анҷом медиҳанд.
Ин дар ҳоле аст, ки ширкати нафти Ҳинд, ки бузургтарин харидори нафти хоми Русия аст дар моҳи июн ба унвони нахустин полоишгоҳи давлатӣ пули бархе аз харидҳо аз Русияро бо юан анҷом дода буд. 2 полоишгоҳи хусусии Ҳинд низ пули бахше аз воридот аз Русияро ба юан пардохт мекунанд.
Ҳануз мушаххас нест, ки полоишгоҳҳои ҳиндӣ чи миқдор аз нафти хоми Русияро ба юан харидорӣ кардаанд.
Анҷоми пардохтҳо ба юан боиси тақвияти талошҳои Чин барои байналмилалӣ кардани воҳиди пули худ шудааст . Ин дар ҳоле аст ,ки бонкҳои чинӣ талош мекунанд то истифода аз юан барои хариди нафти Русияро тарвиҷ кунанд.
Полоишгоҳҳои ҳиндӣ ҳамчунин бахше аз пардохтҳои ғайридолларӣ дар ивази хариди нафти Русияро бо дарҳами Аморот анҷом додаанд.

Бештар бихонед :