Як ҳавопаймои Русия суқут кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i10486-Як_ҳавопаймои_Русия_суқут_кард
Як ҳавопаймои Ту-154 русӣ дар манотиқи кӯҳистонии ҷануби Русия суқут кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Декабр 25, 2016 10:18 Asia/Dushanbe
  • Як ҳавопаймои Русия суқут кард

Як ҳавопаймои Ту-154 русӣ дар манотиқи кӯҳистонии ҷануби Русия суқут кард.

Ба гузориши хабаргузории Спутник, мақомҳои Сервиси амнияти миллии Русия рӯзи якшанбе эълом кард, ҳавопаймои Ту-154, ки дақоиқе пас аз парвоз аз фурудгоҳи шаҳри Сочи аз сафҳаи радар нопадид шуда ва дар ҷануби Русия суқут кардааст.

Иттилооти аввалия ҳокӣ аз он аст, ки ҳавопаймои мафқуд шуда, озими шаҳри Лозиқияи Сурия буд ва дуруст 20 дақиқа баъд аз он ки Сочиро тарк кард, аз радар маҳв шуд ва далоили эҳтимоли суқути ин ҳавопаймо мумкин аст нақси фаннӣ ё иштибоҳи халабон буда бошад.

Ҳавопаймои Ту-154 бо 91 сарнишин аз ҷумла, се хабарнигори Шабакаи аввали Русия (ОРТ), се хабарнигори телевизиони "Звезда" ва гурӯҳи наворбардории НТВ ба ин ҳайат шомил будаанд, рӯзи якшанбе замоне, ки бар фарози Баҳри Сиёҳ парвоз мекард, иртиботи худро аз даст дод.

Гузоришот ҳокист, 83 нафар аз сарнишинони ин ҳавопайморо мусофирон ва 8 нафари дигарро хадамаи ҳавопаймо ташкил медодааст.

Манобеи русӣ эълом карданд, ки маҳалли суқути ҳавопаймо дар Баҳри Сиёҳ ва наздик ба савоҳили Сочи мушаххас ва тикаҳое аз ин ҳавопаймо дар якуним километрии савоҳили Сочи пайдо шудааст.