Лавров : Дастёбии Украинаро ба Ф-16 як таҳдиди ҳастаӣ қаламдод мекунем
(last modified Thu, 13 Jul 2023 14:05:01 GMT )
Июл 13, 2023 19:05 Asia/Dushanbe
  • Лавров : Дастёбии Украинаро ба Ф-16 як таҳдиди ҳастаӣ қаламдод мекунем

Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки кишвараш бархилофи англосаксонҳо ҳамвора ба дунболи сулҳ будааст, гуфт : « Дастёбии Украина ба қобилиятҳои низомӣ монанди ҷангандаи Ф-16-ро як таҳдиди ҳастаӣ аз сӯйи Ғарб медонем . »

Сергей Лавров хотирнишон кард:« Мо омодаи фароҳам кардани ғизо барои кишварҳои ниёзманд ҳастем ва ин дар ҳоле аст, ки кишварҳои ғарбӣ маҳдудиятҳоеро дар ин замина барои мо эҷод кардаанд . Ман ҳеҷ тарҳи ҷадидеро дар бораи тавофуқи содироти ғаллот нашунидаам. »

Ба гузориши хабаргузории русии " ТАСС ",   Сергей Лавров-вазири хориҷаи Русия тасреҳ кард: « Русияи дастёбии Украина ба қобилиятҳои низомии пешрафта монанди ҷангандаҳои Ф-16-ро ба унвони як таҳдиди ҳастаӣ аз сӯи Ғарб дар назар хоҳад гирифт. »
Вазири хориҷаи Русия дар идомаи изҳороташ афзуд:« Амрико дар ҳоли талош барои кашондани пои НАТО ба минтақаи Осиё- Уқёнусия аст . »

 Лавров музокироти сулҳи соли гузаштаро ёдоварӣ карду афзуд Русия ба таври идомадору фаъол дар музокироти сулҳ бо Украина ширкат карда буд, вале талоши англосаксонҳо барои таваққуфи музокироти сулҳу идомаи ҷанг буд.