Таҳлил: Таъкиди Русия бар эҳтиром ба тамомияти арзии Эрон
(last modified Sun, 16 Jul 2023 08:23:54 GMT )
Июл 16, 2023 13:23 Asia/Dushanbe
  • Таҳлил: Таъкиди Русия бар эҳтиром ба тамомияти арзии Эрон
    Таҳлил: Таъкиди Русия бар эҳтиром ба тамомияти арзии Эрон

Михаил Богданов муовини вазири умури хориҷаи Русия ва намояндаи вижаи раисиҷумҳӯрии ин кишвар дар умури Ғарби Осиё ва Африқо бар эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон ба унвони кишвари дӯст таъкид кард. Вай ин суханонро дар дидори «Козим Ҷалолӣ» сафири Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Маскав баён кард.

Михаил Богданов  дар вокуниш ба ахбори  мунташира дар хусуси нишасти  муштараки ахири вазири хориҷаи  кишварҳои узви Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ва Русия бар мавозеъи собити Русия дар қиболи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба унвони кишвари дӯст ҳамроҳ бо эҳтиром ба ҳокимият ва тамомияти арзии Эрон таъкид кард.

Таъкиди Русия ба эҳтиром ба тамомияти арзии Эрон дар пайи бурузи вокунишҳои мутаъадид аз ҷониби мақомот ва расонаҳои Эрон дар пайи мавзеъгирии Маскав дар бораи ҷазираи сегонаи эронӣ дар Халиҷи Форс сурат гирифтааст. Теҳрон борҳо пеш аз ин ҷазираи сегонаи Абу-Мусо, Тунби кучик ва Тунби бузургро ҷузъи ҷудонопазир ва абадии хоки Ҷумҳурии Исломии Эрон хонда ва ҳаргӯна иддаъоеро дар ин замина маҳкум кардаанд.... Мавзӯъи ҷазираи сегона яке аз мавзӯъоти маҳали ихтилофи асли миёни Эрон ва Иморот аст. Иморот иддао мекунад ин се ҷазира муъталиқ ба ин кишвар аст аммо ҳамакунун дар ишғоли Эрон қарор доранд. Дар ҳоле, ки Эрон сеҷазираро бахши ҷудоинопазир аз хоки худ дониста ва ҳаргуна музокира ё доварии байналмиллалӣ бар сари онро рад мекунад.

Дар пайи шашумин нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Ҳамкории Халиҷи Форс ва Русия таҳти унвони гуфтугӯи роҳбӯрдӣ байни Маскав ва ин кишварҳо дар рӯзи душанбе 10 январ баёнияи муштараке содир шуд, ки 6 кишвари арабӣ ва Русия дар он бо ишора ба иддаои Иморот дар бораи ҳокимияти ҷазираи сегонаи Тунби бузург, Тунби кучик ва Абу Мусо аз ончӣ талошҳои Иморот барои ҳали ин масъала аз тариқи музокироти дуҷониба бо Эрон ё додгоҳи байналмиллалӣ унвон шуд, эъломи ҳимоят карданд. Ин мавзӯъ эътирози расмии Ҷумҳӯрии Исломии Эрон ба Маскавро дар пай дошт ва иловабарин мавзеъгирии сареҳи вазири умури хориҷа ва бархе мақомот, сафири Русия дар Теҳрон эҳзор ва маротиби эътирози кишварамон ба матолиби мундариҷ дар баёнияи мазкур ба вай иблоғ шуд. Носир Канъонӣ сухангӯи Вазорати умури хориҷа зимни мардуд донистани матолиби мундариҷ дар баёнияи муштарки кишварҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ва Русия дар хусуси ҷазоири сегонаи эронӣ тасреҳ кард: Ин Ҷазира таъалуқи абади ба Эрон дошта ва судури ин гуна баёнияҳо бо равобити дӯстонаи Эрон ва ҳамсоягон мағоир дорад.

Ин мавзӯъ нишон медиҳад, ки ба рағми равобити наздики Эрон бо Русия ва низ Чин ҳар гоҳ, ки ин кишварҳо мавозеъе бар хилофи тамомияти арзии Эрон ба вижа дар чорчӯби рушди равобит бо  кишварҳои ҳошияи ҷануби Халиҷи Форс иттихоз намоянад. Теҳрон ҳеҷ тардиде дар вокуниши қотеъ дар ин замина нахоҳад дошт. Нуктаи қобили таваҷҷӯҳ ин, ки Иморот, ки аз шикоятҳои қаблии худ дар Созмони Миллал ба вижа муроҷиъа ба Шӯрои Амнияти Созмони Миллал дар соли 1980 натиҷа нагирфтааст, акнун талош мекунад то ҳимояти қудратҳои байналмиллалиро дар ин замина касб намояд. Албатта бо таваҷҷӯҳ ба асноди муҳкаме, ки Эрон дар бораи ҳокимияти миллӣ бар ҷазоири Абу Мусо, Тунби бузург ва Тунби кучик дорад ва мавозанаи қувои минтақаӣ эҳтимоли мавқеъияти Иморот ночиз аст. Ҳусайн  Амир Абдуллоҳиён вазири умури хориҷаи Ҷумҳӯрии Исломии Эрон дар Твиттер навишт: Бар сари истиқлол ва ҳокимияти арзии Эрон бо ҳеҷ тарафе таъоруфе надорем.

Ба назар мерасад ҳадафи Русия ва низ Чин, ки пеш аз ин дар иқдоми мушобеҳ дар ҷараёни сафари ахири раисиҷумҳӯри Чин ба Арабистони Саъудӣ дар баёнияи муштараке бо кишвраҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форс ба ҳимоят аз мавозеъи Иморот дар бораи ҷазираи сегона пардохта буд, тавсиаи равобити иқтисодӣ ва тиҷорӣ бо ин кишвраҳо бо нишон додани бархе ҳамроҳиҳо бо мавозъеи Шӯрои Ҳамкори Халиҷи Форс дар заминаи масоъили минтақаии Ғарби Осиё ва Халиҷи Форс аз ҷумла масалаи ҷазираи сегона аст. Алиакбари Вилоятӣ мушовири олии Раҳбари муаззами иниқилоби исломӣ дар ёддоште бо таъкид  бар ҳаққи ҳокимияти Эрон бар ҷазоири Абу Мусо, Тунби бузург ва Тунби кучик, ҳимояти Русия аз мавзеъи кишварҳои Шӯрои Ҳамкории Халиҷи Форсро ноши аз "содагӣ" донист ва навишт: Русия ба ҳамон чолае афтод, ки чанде пеш Чин ба даруни он афтод. Вай дар тавзеъи ин амр навишт: Яъне гумон мекунанд бо таъиди чунин иддаои номарбуте равобити иқтисодии хубе дар оянда бо Иморот хоҳанд дошт. Шояд бо таваҷҷӯҳ ба ҳамин амр аст, ки пас аз вокунишҳои мақомот ва расонаҳои эронӣ, Маскав ба суръат дар садади тасҳеҳи мавзӯъи нодурӯсти қаблии худ дар бораи ҷазираи сегонаи эронӣ аз забони муъовини вазири хориҷаи Русия баромадааст.