Таҳлил: Сирояти бӯҳрон аз сатҳи ҷомеъаи Исроил ба даруни кабинаи Натаняҳу
-
Таҳлил: Сирояти бӯҳрон аз сатҳи ҷомеъаи Исроил ба даруни кабинаи Натаняҳу
Хабарҳо аз Ирози ишғолӣ ҳоки аз сироят кардани бӯҳрон аз сатҳи ҷомеъа ба даруни кабинаи Натаняҳу аст.
Шабаки 7 телевизиони режими саҳюнистӣ хабар дод, нишасти кабинаи режими саҳюнисти, ки ба далели бемории Натаняҳу аз рӯзи якшанбе ба рӯзи душанбе гузошта шуда буд, бо даргирии ду вазири кабина ҳамроҳ буд. Мутобиқи ин гузориш, вазири амнияти режими саҳюнистӣ бо вазири ҷанги ин режим бар сари судури дастуроти боздошти эҳтиёти алайҳи фаластиниҳо бо якдигар даргир шуданд.
Ҳудуди 7 моҳ аз оғози умри кабинаи Натаняҳу мегузарад. кабинае, ки тайи ин муддат ғарқ дар бӯҳрон буд. Решаи ин бӯҳрон, ифротгароӣ ва нажодпарастии кабина аст. Дар ин кабина, афроде ҳузӯр дорад, ки аз як сӯй таҷрӯбаи дипламатик надоранд ва аз сӯйи дигар ба воситаи рафторҳои хашин ва яқагириҳои хиёбоние, ки доштанд. парвандаҳое низ дар низоми қазоии Исроил доранд.
Бар ҳамин асос, аз оғози ба кори кабина дар январи гузашта акнун муҳимтарин иқдоми ин кабина дар ҳавзаи дохилӣ, тарҳи ислоҳи низоми қазоӣ ва дар ҳавзаи хориҷӣ низ ҷангҳои мукаррар ва мутаволи алайҳи фаластиниҳо буд. Тарҳи ислоҳи низоми қазои, ки ба афзоиши ихтиёроти қазоии кабина ва тазъифи дастгоҳи қазо мунҷар мешавад, 28 ҳафтаи мутаволи аст, ки заминаи тазоҳуроти ҳазор нафари ва бархе ҳафтаҳо низ садҳо ҳазор нафари алайҳи кабинаи Натаняҳуро фароҳам кардааст.
Тадовуми тазоҳуроти мардум дар Ирози ишғолӣ сабаб шуд дар даврони кабина низ ихтилофҳои ҷидди шакл гирад, ки дар ду бурҳа ин ихтилофҳо аланӣ шуд. Чанбе пеш, Натаняҳу нахуствазири ишғолгари Қудс, вазири ҷанги ин режимро ба далели мухолифат бо тарҳи ислоҳи қазоӣ барканор кард, аммо бо ҳимояти теъдоде аз генералҳои аршади режими саҳюнистӣ аз ҳушдорҳо ба Натаняҳу дар бораи табаъоти ин иқдом, вай маҷбур шуд вазири ҷанги ин режимро ба симати худ бозгардонад.
Акнун барои бори дуввум ихтилофҳои даруни кабина ошкор шудааст ва вазири тундрави амнияти дохилӣ ва вазири ҷанги режими саҳюнистӣ дар нишасти рӯзи 17-уми июли кабина бо ҳам даргир шуданд. Иллати аслии ин даргирӣ бе эътимодии ду вазири кабина ба ҳам аст. Вазири ҷанг муътақид аст, ки вазири тундрави амнияти дохилӣ ва тарфдорони вай ба вазири ҷанг ва Шобок ҳамла карда ва сиёсати хасмонае алайҳи онҳо эъмол мекуананд.
Вазири ҷанги режими саҳюнистӣ мехоҳад то ҳар фаластинӣ сарфи назар аз ин, ки дар куҷои фаластини ишғолӣ зиндагӣ мекунад ҳатто фаластиниёни сокини 1948-ро ба баҳонаи афзоиши ҷурм ва ҷиноят дар боздошти эҳтиёти қарор диҳад. Вазорати ҷанги режими саҳюнистӣ ва Шобок зимни ин, ки боздошти фалстиниҳоро анҷом медиҳанд, шуморе аз саҳюнистҳоро низ ба далели рафторҳои хашин алайҳи ин ниҳод боздошт кардаанд, ва ҳамин омил асабонияти Itamar Ben-Gvir шудааст. Itamar Ben-Gvir. ки аз боздошти шуморе аз саҳюнистҳо ба шиддат асабонӣ буд дар нишасти кабина гуфт, касоне, ки чанд худравро оташ мезананд ё чанд то шиъор бар руи девор менависандро наметавон бо фаластиниён муқоиса кард. Галлант дар посӯх гуфт: Касонеро, ки боздошт кардем бо дабаҳои бензин дастгир кардем. Гвир ҳам дар посӯх гуфт: Умедворам ҳуш ва заковати шумо алайҳи арабҳо беҳтар аз он чизе бошад, ки аз хусуматат алайҳи яҳудиён нишон медиҳед.
Ба навиштаи расонаҳои саҳюнистӣ, даргирии лафзӣ байни ду вазир онқадар боло гирифт, ки Натаняҳу ва чанд вазир маҷбур шуданд, дар ин муҷодила вурӯд пайдо карда ва сайъ дар ором кардани ду тараф карданд.
Ин вазъият пеш аз ҳама гӯёи ин аст, ки кабинаи Натаняҳу танҳо ба бӯҳрони эътирозҳои дохилӣ мувоҷеҳ нест балки бо даргириҳо ва бе эътимодии даруни кабина низ мувоҷеҳ аст ва беш аз ҳар замони дигаре, кабина шиканандааст.
Бештар бихонед:
-
Баргузории бистуҳаштумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ
-
Баргузории бистушашумин ҳафтаи тазоҳурот зидди Натаняҳу дар Фаластини ишғолӣ