Декабр 26, 2016 13:34 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли террористӣ будани суқути ҳавопаймои русӣ  

Вазири ҳамлу нақли Русия аз эҳтимоли террористӣ будани иллати суқути ҳавопаймои ин кишвар хабар дод.

Ба иттилои хабаргузории Садо ва Симо, Максим Соколов, вазири ҳамлу нақли Русия рӯзи якшанбе эълом кард: Тамоми иллатҳои эҳтимолии суқути ҳавопаймои низомии ин кишвар дар ҳайни парвоз ба пойгоҳи ҳавоии Русия дар Сурия, аз ҷумла эҳтимоли ҳамлаи террористӣ баррасӣ хоҳад шуд .

Соколов гуфт: Дар айни ҳол ҳануз гамоназанӣ дар мавриди иллати суқути ин ҳавопаймо зуд аст .

Ин дар ҳолест, ки Виктор Озеров, раиси кумитаи умури дифоии Шӯрои федератсияи Русия эҳтимоли террористӣ будани ҳодисаи суқути ҳавопаймои ин кишварро рад карда буд .

Як фарванд ҳавопаймои “Туполев 154”-и Русия бо 91 нафар сарнишин ва хадама рӯзи якшанбе дақоиқе пас аз парвоз аз Фурӯдгоҳи Адлер наздики Сочи аз сафҳаи радар нопадид шуд ва наздики соҳили дарёи сиёҳ суқут кард .

 

Барчасп