Таҳлил. Таҳрими як панҷуми иқтисоди дунё тавассути Амрико
Эъмоли таҳримҳои густарда алайҳи кишварҳои мухталиф ҳарбае ҷиддӣ аз сӯи мақомоти Амрико аст то битавонанд кишварҳои мухталифро тобеи сиёсатҳои худ кунанд, аммо ин сиёсат дар баландмуддат табаоти манфӣ барои Вашингтон дар пай доштааст.
Дар ин росто, маҷаллаи амрикоии “Форен полисӣ” ҳушдор дод, дар ҳоли ҳозир як панҷуми иқтисоди дунё ба навъе машмули таҳримҳои Амрико шудаанд ва идомаи ин рӯйкард заволи қудрати сиёсиву иқтисодии Амрикоро рақам хоҳад зад.
Ин нашрия аз тавассули давлати Вашингтон ба таҳримҳо дар муқобила бо соири кишварҳо интиқод карду навишт, тадобире, ки барои танбеҳ кардани кишварҳои мутахаллиф тарроҳӣ шудаанд, дар ҳоли аз байн бурдани ҳамон назми ғарбӣ ҳастанд, ки ин таҳримҳо қарор буд ҳифз кунанд.
Тайи солҳои ахир раванди афзоишии таҳримҳои Амрико алайҳи кишварҳои мухталиф амалан иқтисоди ҷаҳонӣ ва ҳижмунии Амрикоро бо мушкилоте рӯ ба рӯ кардааст.
Дар воқеъ, давлати Амрико дар ростои аҳдофи душманонаи худ алайҳи кишварҳое, ки аз табаият аз сиёсатҳои мавриди назари Вашингтон худдорӣ мекунанд, ҷанги иқтисодиву сиёсиро бо ҳарбае ба номи таҳрим анҷом медиҳад. Чунончӣ то кунун кишварҳои мухталифе чун Русия, Эрон, Венесуэла ва бисёре аз кишварҳои дигар мавриди таҳрими Вашингтон қарор гирифтаанду давлати Амрико кӯшидааст то ҳатто ширкатҳои амрикоӣ ва ширкатҳои мустақар дар кишварҳои сеюмро ба табаият аз ин таҳримҳо маҷбур кунад. Аммо истифода аз ин ҳарба акнун дигар на танҳо короии худро дар тазъифи ҷойгоҳи кишварҳои таҳримшуда дар иқтисоди ҷаҳонӣ аз даст додааст, балки ба сиёсате зидди Амрико табдил шудааст.
Ба тавре ки таи солҳои ахир кишварҳои мухталиф омӯхтаанд аз туруқи гуногуни сиёсиву иқтисодӣ, бар таҳримҳои Амрико ғалаба кунанд. Дар буъди иқтисодӣ кишварҳои мухталифи мавриди таҳрим, аз ҷумла Эрон, Русия, Чин ва Венесуэла талош кардаанд, ки ҳамкориҳои иқтисодии миёни худро тақвият кунанд ва ҳатто дар муомилот арзҳои дигарро ҷойгузини доллар кунанд. Дар ин росто Чину Русия ҳамчунин бо поягузории ниҳоде ба номи БРИКС ва ҷазби кишварҳои мухталифе чун Ҳинду Африқои Ҷанубӣ ва бисёре аз кишварҳои дигар, амалан ҳамкориҳои иқтисодиро бо канор гузоштани доллар тақвият кардаанд.
Ҷанет Йеллен, вазири хазонадории Амрико дар ин замина эътироф кард: Дуруст аст, ки силоҳи мо дар баробари кишварҳои мутахосим ҷорӣ кардани таҳрим алайҳи онҳост, аммо ин таҳримҳо онҳоро водор карда дар такопӯи ҷойгузине барои доллар бошанд.
Дар воқеъ иттикои беш аз андозаи Амрико ба таҳримҳо барои пешбурди аҳдофи сиёсати хориҷӣ ва амниятии ин кишвар боиси тазъифи ҷойгоҳи доллар шудааст. Раванди коҳишии мустамари саҳми доллар дар захоири арзии кишварҳои ҷаҳон шоҳидие бар ин мавзуъ аст. Тибқи оморҳои Сандуқи Байналмилалии Пул, аз ибтидои соли 2000 то поёни соли 2020 саҳми доллар аз захоири арзии кишварҳои мухталиф бо коҳиши ҳудуди 13 дарсад рӯ ба рӯ шудааст.
Том Белив, фаъол ва таҳлилгари иқтисодӣ дар ин замина ҳушдор дод, миллатҳо дар ҳоли дур шудан аз доллари Амрико ҳастанд, давлати Амрико бояд дар бораи идомаи рафторҳои худ, ки боиси коҳиши арзишу эътибори доллар шудааст, бо эҳтиёт амал кунад.
Аз сӯи дигар, дар буъди сиёсӣ низ вобастагиҳо ба Вашингтон коҳиш ёфтааст. Ҳатто кишварҳои аврупоии муттаҳиди Вашингтон аз сиёсатҳои якҷонибагароёна ва қулдурмаобонаи давлати Амрико хаста шудаанд. Чунон ки бархе аз мақомоти Аврупо ҳамчун Эммануэл Макрон, раиси ҷумҳурии Фаронса борҳо нисбат ба нақзи истиқлоли Аврупо ҳушдор додаву хостори тақвияти ҳамкориҳои иқтисодиву низомии кишварҳои ин иттиҳодия шудааст.
Ба назар мерасад, ба хатар афтодани султаталабии Амрико ва коҳиши арзиши доллар ба далели таҳримҳои Амрико алайҳи кишварҳои мухталиф акнун ба дағдағаи ҷиддии бисёре аз мақомоти Вашингтон ва коршиносон табдил шудааст ва онон зимни ҳушдор нисбат ба ин мавзуъ, хостори тағйири сиёсатҳои Вашингтон шудаанд.