Июл 29, 2023 11:07 Asia/Dushanbe
  • Мушовири собиқи Трамп бори дигар хостори канорагирии ӯ аз интихоботи 2024 шуд

Мушовири амнияти миллии давлати пешини Амрико бори дигар аз Доналд Трамп хост аз рақобатҳои интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2024-и Амрико канорагирӣ кунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Ҷон Болтон дар паёми тветтирӣ эълом кард, ки пас аз судӯри аввалин парвандаи додгоҳӣ аз Трамп хостам то ба номзадӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ поён диҳад ва акнун пас аз судӯри дуюмин кайфархост дубора аз ӯ мехоҳам ( аз номзадӣ дар интихобот канорагирӣ кунад ) .
Болтон дар идомаи ин паём мутазаккир шуд, ки ширкати Трамп дар интихобот монеъӣ дар масири иҷрои адолат ба унвони шевае барои зиндагӣ аст, худхоҳӣ ва манфиатталабии Трамп таваҷҷуҳе ба кишвар ва усул надорад.
Болтон, ки ҳудуди як сол ба унвони мушовири амнияти миллӣ дар даврони раёсати ҷумҳӯрии Трамп фаъолият кард ва дар даврони раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш сафири Амрико дар Созмони Миллали Муттаҳид буд пеш аз ин низ ба шиддат аз Трамп интиқод карда ва дар тозатарин ҳамла ба вай гуфт, ки « ӯ ба Амрико ва ҳизби Ҷумҳурихоҳ зарбаи бузургӣ задааст. »
Иттиҳомоти матраҳшуда алайҳи Трамп дар сурати исбот метавонад то 20 сол ҳабс барои раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико ба ҳамроҳ дошта бошад.
 

 

Барчасп