Таҳлил: Кашфи иллати асабонияти Амрико аз ҳамкории Чин ва Русия
-
Таҳлил: Кашфи иллати асабонияти Амрико аз ҳамкории Чин ва Русия
Давлати Чин бо дифоъ аз муъомилоти худ бо Русия, онро дар чорчӯби ҳамкориҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ оддии дуҷониба эълом кард. Ин дар ҳоле аст,ки Амрико ва муттаҳидони он мекушанд аз тариқи иддаоҳои сиёсӣ ва расонаӣ мабни бар кумакҳои низомии Чин ва Русия, ин кишварро беш аз пеш таҳти фишор қарор диҳанд.
Чин борҳо Амрикоро аз дахолат дар умури марбут ба масоили дохилӣ ва равобити хориҷии худ бар ҳазар доштааст. Аммо Амрико ва муттаҳидони он ва таҳмили фишорҳои будҷаӣ мувоҷеанд, мекушанд Чин ва соири кишварҳоро омили мавқеъияти Русия ва ҷанги Украина муаррифӣ ва ба навъе шикастҳои худро тавҷеҳ кунанд. Аз инру дар нишасти моҳи майи сарони гурӯҳҳои ҳафт дар Ҷопон, иловабар эъмоли таҳримҳои густардатар алайҳи Русия, кумакҳои низомии бештаре ба Украинаро мутаъаҳид шудаанд. Коршиноси масоили байналмиллалӣ дар ин бора мегуяд:
Амрико дар мавриди ҷанги Украина бар талош барои тазъифи Русия сиёсати тазъифии Чинро низ пайгири мекунад. Дар воқеъ Амрико бо тарҳи иттиҳомот бар зиддӣ Чин сиёсати дугонаеро пайгири мекунад, ки ду сари пайкони он Русия ва Чин ва соири кишварҳоеро, ки бо Русия иртибот доранд, ҳадаф қарор медиҳанд. Ин дар ҳоли ин, ки Чин ва соири кишварҳои мустақил аз равобити муносиб ба урфи байналмиллалии худ бо Русия дифоъ мекунанд.
Аз инрӯ расонаҳои амрикоӣ ахиран муддаъи шуданд, додаҳои гумруки Русия нишон медиҳад,паймонкорони низомии давлати Чин колоҳое бо корбарии низомӣ шомили таҷҳизоти новбери, қатаоти ҷанганда, паҳбод ва колоҳои дигар барои Русия ирсол кардаанд. Ин дар ҳоле аст, ки ба гуфтаи сухангуи Вазорати умури хориҷаи Чин ин кишвар бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон аз ҷумла Русия, ҳамкории тиҷорӣ ва иқтисодии оддӣ дорад. Амрико бо тарҳи иттиҳомоти зиддӣ Чин ба дунболи баҳона барои эъмоли фишори бештаре бар Пекин ва эҳёнан таҳримҳои ҷаддид аст. Амрико ба унвони мусабаби аслии ҷанги Украна худ ва муттаҳидонашро дар баробари Русия нотавон мебинанд, кишварҳои мухталифро ба тақвияти тавони низомии Русия муттаҳам мекунанд ва ин дар ҳоле аст, ки Амрико иловабар кумакҳои чандин миллиард доллари ба Украина дар ахирин маврид бомбҳои хушаи дар ихтиёри ин кишвар қарор додааст. Коршиноси масоъили байналмиллалӣ дар ин бора мегӯяд:
Амрико ва муттаҳидони он тасавур намекарданд ҷанги Украина ба марҳилаи фарсоиши бирасад. Зеро ин вазъият,ки будҷаҳои молии ҳафтагиро бар иқтисоди кишварҳои аврупоӣ таҳмил мекунад, орои орои сабаби эътирозҳои умуми ба хусус дар кишварҳои аврупоӣ низ мешавд, ки Амрико ва муттаҳидони онро тангоҳои бештар дар идомаи ҳимоят аз Украина қарор медиҳад.
Дар ҳар ҳол, Чин барои кумак ба ҳали буҳрони Украина роҳи ҳали 12 гонаеро барои поёни ҷанги ироа кард, ки бо мухолифати Амрико рӯ ба рӯ шуд. Дар ин ҳол раисиҷумҳӯрии Чин бо Владимири Путин раисиҷумҳӯри Русия ҳам қабл аз шурӯъи ҷанги Украина дар 24 феврали 2022 аз дустии номаҳдуди давлатҳои худ хабар дода буданд. Аз инрӯ Пекин ба рағми эъломи бетарафи дар ҷанги Украина монеъ аз талошҳои ғарбиҳо барои маҳкум кардани Русия дар Созмони Миллал шуда ва аз далоили Русия дар ҷанги Украина ҳимоят кардааст.
Пекин дар тарҳи сулҳталабонаи худ бар оғози гуфтугӯҳои сулҳи байни Маскав ва Киев, оташабаси поёни таҳримҳои ғарб алайҳи Русия,иттихози тадобир барои тазмини амнияти таъсисоти ҳастаӣ, эҷоди гузаргоҳҳои башрадӯстона барои хурӯҷи низомиён ва гомҳое дар ростои тазмини содироти ғаллот таъкид кардааст, ки Амрико ва муттаҳидони он бо якҷониба хандани ин тарҳ ба нафъи Русия аз пазириши он худдори карданд, ки сабаби идома ва ташддиди ҷанг шудааст. Дар ин ҳол, фишорҳои сиёсӣ ва расонаии Амрико бар Чин ва соири шуракои тиҷории Русия низ бар тазъифи мавқеъити ин кишвар натиҷа бахш набудааст. Аз ин рӯ Амрико ҳамчунон дар сададе аст бо ҳаҷмаҳои расонаӣ ба истилоҳ афкори умумиро бар зиддӣ Чин ва соири шуракои Русия барангезад.