Назарсанҷӣ ; пештозии Трамп дар интихоботи 2024 Амрико
Бар асоси як назарсанҷии ҷадид дар Амрико, Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри собиқ ва ҷанҷолии ин кишвар ба рағми иттиҳомоти кайфарӣ ва доштани парвандаҳои мухталиф бар рақибони худ дар Ҳизби ҷумҳурихоҳ барои интихоботи раёсати ҷумҳурии 2024 Амрико бартарӣ дорад ва номзади пештози ин ҳизб аст .
Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, бар асоси назарсанҷии ҷадиди Нию-Йорк таймс ва донишгоҳи Сенат, ки рӯзи душанбе ба вақти маҳаллӣ натоиҷи он мунташир шуд,Доналд Трамп-раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико дар интихоботи муқаддамотии 2024 бар руқабои ҷумҳурихоҳи худ бартарӣ дорад; дар ҳоле, ки Рон ДеСантис-фармондори Флорида ва ҷиддитарин рақиби Трамп 37 дарсад орои камтаре дар муқоиса бо вай ба даст овардааст .
Ин назарсанҷӣ нишон медиҳад, ки сеюмин номзади ҷумҳурихоҳ танҳо 3 дарсад раъй касб карда ва дар як раъйгирӣ бо ҳузури ду номзад, Трамп 31 дарсад бештар аз ДеСантис раъй касб кардааст .
Дар ин назарсанҷӣ Трамп 54 дарсади раъй ва ДеСантис 17 дарсад раъй касб кардаанд.
Майк Пенс-муовини раиси ҷумҳӯри собиқи Амрико, Неки Ҳили- сафири собиқи Амрико дар Созмони Миллал ва сенатор Тим Скотт ҳар кадом фақат 3 дарсад раъй касб карданд.
Трампу ДеСантис дар маҷмӯъ аз назари тамоюли мусбати раъйдиҳандагон рутбаҳои хубе доранд . Ин назарсанҷӣ нишон дод, ки 76 дарсади раъйдиҳандагон Трамп ва 66 дарсад ДеСантисро интихоб карданд .
Ба назар мерасад, ки раъйдиҳандагони ҷумҳурихоҳ нигарони паёмадҳои қонунии додгоҳи Трамп нестанд .