Август 04, 2023 18:19 Asia/Dushanbe
  • Идомаи беҳурматӣ ба Қуръон дар Шветсия ва Дания

Дар идомаи беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони карим як гуруҳи ифротӣ дар Дания ва як зан дар Шветсия рӯзи панҷшанбе ин китоби осмониро оташ заданд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон ба нақл аз Форс, дар ростои идомаи беҳурматӣ ба соҳати муқаддаси Қуръони карим як гуруҳи ифротӣ дар баробари сафоратҳои Туркия, Ироқ, Миср, Арабистони саъӯдӣ ва Ҷумҳурии исломии Эрон дар Копенгаген ин иқдоми нораворо анҷом доданд.
Ҳамчунин рӯзи панҷшанбе дар минтақаи Бромо дар Стокголм-пойтахти Шветсия як зан Қуръонро оташ зад.
Беҳурматӣ ба Қуръони карим мавҷе аз эътироз дар кишварҳои исломиро дар пай доштааст.
 

 

Барчасп